Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин назорат, ба фикри ман, натиҷаи беҳтаре хоҳад дод.
– Акнун бовар кардам.
– Ана, ҳамин хел Абдурашид, ба фикрам, ман дар ин бозии шатранҷ ғолиб хоҳам шуд.
– Иншоолоҳ.
– Биёед, акнун якҷоя матни барқияи таъҷилиро ба ШКД– и ноҳияи Гулобод тартиб диҳем, - таклиф кард подполковники милиса Ковалчук.
Музаффар ва Абдурашид ин таклифро пазируфтанд ва ҳар се якҷоя ба тартиб додани барқияи таъҷилӣ падохтанд…


Соати 21.17 дақиқа навбатдори ШКД - и ноҳияи Гулобод аз телефакс матни зеринро гирифт:
“Ба сардори ШКД–и ноҳияи Гулобод подполковники милитса Ҳамид Ҷовид.
Барқияи таъҷилӣ
Соати 20.08 дақиқа ду нафаре, ки таваҷҷуҳи шуморо бедор карда буданд, бо мошини тамғаи «Мерседес 600» рақами
01 давлатиаш Е 19–55 РТ аз минтақаи шаҳр бар Чун самти ҳаракати мошини номбурда ба тарафи шумо буд, мо таъқиби минбаъдаи онро аз лиҳози корҳои оперативӣ мувофиқи мақсад нашуморидем ва таъқибгаронро соати 20.15 дақиқа ба ҷой кори асосиашон бозхондем. Мо чунин мешуморем, ки сайёҳони шабгард баҳри анҷоми амалиёт ба самти шумо ҳаракат доранд. Аз рўйи ҳисоботи пешакӣ «Мерседес 600»
соатҳои 23.25-23.50 дақиқа вориди минтақаи хизматии шумо хоҳад шуд. Аз шумо мепурсем, ки баҳри қабули шабгард чораҳои зарурӣ андешед.
Сардори ШКД–и ноҳияи Марказӣ майори милитса Шарифзода Р. И.” Навбатдори шуъба капитани милитса Асоев инро интизор набуд. Ҳамагӣ бист дақиқа пеш сардори ШКД ва капитани милиса Сорбони Ҳомид берун баромада буданд ва аз он чӣ ки онҳо ба навбатдор чизе нагуфтанд, маълум буд, ки ба ҷойи кор бармегарданд, вале кай? Бозгашти онҳо баҳри навбатдор муаммо буд.

пешина
аз 513
навбатӣ