Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– О, ин чӣ хел мешавад? Ҳамин қадар назорат бурдему яку якбора аз он даст кашем? - пурсид таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф.
– Боло чӣ кор карданашро медонад, - гўён Музаффари Сафар баъди аз назар пинҳон шудани «Мерседес» мошинро ба тарафи шаҳр баргардонд.
– Акнун ба куҷо меравем?
– Ба назди Ковалчук.
– Чаро ба хона не? О, Олег Ефремович табли бозгашт дод-ку?-эътироз кард таҷрибаомўз.
– Ҳама гуна табли бозгаштро роҳест ва амри аз милиса берун шуда моро ба сўи хеш мехонад, яъне боз ба милиса,- гуфт ронанда.
Чаҳоряк соат пас Музаффари Сафар ва таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф рухсат пурсида, вориди утоқи сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ шуданд.
– Хуш, Хоҷаеваро гусел кардед? – баъди салому алейк пурсид соҳиби утоқ.
– Ҳа, Лайлӣ Анваровнаро то худи дарвозаи шаҳр гусел намуда, барояш роҳи сафед орзу намудем.
– Сардори милиса набуд ва банда бе ягон маслиҳати пешакӣ ба чунин хулоса омадам, ки таъқиби минбаъдаи «Мерседес» ба манфиати кор нест.
– Боке нест.
– Шогирд чӣ андеша дорад?
– Бархилофи ақидаи лейтенанти калон банда то кунун андешаи он дорам, ки мо бояд то анҷоми амалиёт аз қафои Хоҷаева ва Ношинос назорат мебурдем.
– Корҳои ҷустуҷўӣ ҳам мисли бозии шатранҷ аст ва дар бозӣ он кас бурд мекунад, ки ақаллан як ё ду ҳаракати навбатии ҳарифро муайян намоянд.
– Рафту Хоҷаева ва марди ҳамроҳаш аз тафтишот паноҳ баранд, - чӣ?
– Ҳар кор шуданаш мумкин, вале ба ақидаи ман онҳо ба Гулобод рафтанд. То Гулобод бошад, қариб дусад километр роҳ. Дар роҳҳои кўҳӣ бо суръати баланд рафтан хатарнок аст.
Аз ҳамин рў, ба ҳисоби миёна «Мерседес» ҳам аз рўйи чилпанҷоҳ километр дар як соат ҳаракат хоҳад кард. Ҳарчанд мо назоратро аз қафои Хоҷаева бардоштем, вале мо имконияти пурра дорем, ки назорати мукаммалтарро дар ин ҷода ташкил намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор