Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, чунинаш ба ман лозим нест. Агар ҳаваси оғўши гарм дошта бошад, бигузор худаш қадами аввалинро ниҳад. Баъди он мефаҳмад, ки ман кистам.
Аздусар дар лаҳзаи аввал ҳам ман яку якбора худро таслими ту нахоҳам кард, вале ту бояд ба доду войи ман аҳамият надиҳӣ ва коми дил аз банда ситонӣ, - аз дил гузаронд ў ва гуфт:
– Ташаккур. Акнун мехезем, аллакай шом гузашт. То қарибиҳои рўз бармегардем.
– Ман тайёр. Фаромўш накун, фардо бегоҳ ташкилӣ дар ҳамин ҷо.
Онҳо ҳарду аз хона бадар рафтанд…


Олег Ефремович Ковалчук баробари гирифтани хабари самти ҳаракати «Мерседес-600» рақами давлатиаш Е 19-55 РТ01 вазъи минбаъдаи корро дар тарозуи ақл баркашид.
Умуман, дар роҳҳои кўҳӣ таъқиби «Мерседес-600», ки суръаташ нисбат ба суръати мошини ватанӣ хеле баланд аст, ғайриимкон буд. Инро пеш аз ҳама сабаб он буд, ки дар роҳҳои пурпечутоби кўҳи «Мерседес» ҳам бо суръати баланд ҳаракат карда наметавонист ва аз эҳтимол дур набуд, онҳое, ки мавриди таъқиб қарор доштанд, аз нияти таъқибгарон огоҳ гарданд. Дар чунин ҳолат шикасти амалиёти дар пешистода, ки ҳамкорони гулободӣ аз он умеди калон доштанд, ногузир буд. Дуюм, масофаи қариб дусад километр роҳро бе фоида тай намудан, дар ҳолате, ки имконияти ба мухобира баромадани онҳо набуд, вазъи худи марказро бад месохт. Худи марказ ба ҳайёти кормандони хеш ҷавобгар буд ва бе ягон асос дар шаб аз қафои шахсиятҳое, ки дар ҷиноят гумонбар буданд, фиристодани онҳо аз рўйи таваккал маънӣ надошт. Сеюм, марказ имконияти пурра дошт, ки дар бораи самти ҳаракати «Мерседес» ба ШКД–и ноҳияи Гулобод хабар диҳад. Дар он сурат Хоҷаева ва шахси ношиноси ҳамроҳи ў буда дар чунин як масофаи зиёд аз қафои хеш таъқиберо ҳис накарда метавонистанд, бе ягон дудилагӣ давоми амалиёти хешро ба анҷом расонанд. Маҳз ҳамин ҳолатҳоро дар мизони ақл баркашида, Олег Ефремович ба мухобира баромада, ба якум, ки то кунун таъқиби «Мерседес»–ро ба душ дошт, амри бозгашт дод.

пешина
аз 513
навбатӣ