Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чӣ хел таҳрир, шояд хатои маро ифшо созед?
– Ба нишондоди шумо танҳо Даврон метавонад тағйироту иловаҳо дохил намояд. То он ҳолат мо аз таҳрири нишондоди шумо худдорӣ мекунем.
– Яъне ба Даврон боварии бештар доред?
– Ҳаргиз ин хел нест. Мо нишондоди ҳар кадоми шуморо дар алоҳидагӣ гирифта муқоиса мекунем.
– Чунин муқоисакунӣ ягон натиҷа медиҳад?
– Албатта. Дар он сурат мо дараҷаи гуноҳи ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ дар тарозуи қонун мегузорем ва аз рўйи вазни он нақши ҳар кадомеро ҳангоми содиршавии ҷиноят муайян менамоем.
– Рафту Дарвон дурўғ гўяд - чӣ?
– Чаро ў дурўғ мегуфтааст? Ў аздусар нақши хешро дар саҳна шарҳу эзоҳ медиҳад.
– Ман чӣ?
– То кунун шумо Давронро дар нақши асосӣ муаррифӣ намудед ва ба гумон аст, ки ў нақши шуморо дар ин саҳна аз боло нагузорад.
– Дар ҷойе ки мард аст, ҳаргиз зан соҳиби нақши асосӣ нахоҳад шуд.
– Сад макр кунад шайтон, шогирди занон бошад.
– К чему клоните?
– Мо як қатор ҳолатҳоеро медонем, ки…
– Модоме медонед, чаро ба даҳон об гирифта шиштед?
– Такрор ҳам шавад бояд гўям, ки тавба дар ҳама ҳолат пазируфта хоҳад шуд.
– Боз аз ман чӣ гуна тавбаро интизоред. Охир ман ҳама гуноҳи хеш ба душ гирифтам. Наход ҳамаи ҷиноятҳои нокушодаи милисаро ба гардани банда бор кардан хоҳед?
– Ҳаргиз ин хел нест. Ман бисёр мехостам, ки шумо давоми филми таҳия намудаи бандаро шарҳу эзоҳ медодед.
– Сад афсўс ки то кунун дар кинематография қувваи хеш насанҷидаам.
– Ин кор душвор нест, муҳимаш он ки шумо ба мо бовар намоед.
– Агар банда ба шумо бовар намекардам, ҳаргиз чунин як ҷинояти вазнинро ба душ намегирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор