Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳарчанд доирачаҳои шарқу ғарб ба таври ростхата аз маркази ядро нагузаштанд, онҳо бо қутби шимолу ҷануб пайваст шуданд ва ба воситаи ин ду қутб бо роҳи ғайримустақим аз маркази ядро гузаштанд.
Ў фикру ақидаи хешро, ки дар асоси ҷустуҷўи психологӣ ба даст оварда буд, болои саҳфаи тозае сабт карда буд, ки телефон занг зад. Гўшакро бардошта худро муаррифӣ намуд ва ҳамоно овози Умедаро шинохт, ки аз бозгашташ пурсон шуд…
– Боз панҷ рўзи дигар, гуфт ў…???
Ҷавонзан назди ҷевони либосҳо хеле рост меистод.
Умуман, ҳар як пероҳани дар ҷевонбуда худ як таърихи нонавиштае аз саргузашти ў буд. Шояд агар ў дасти қалам медошт, дар бораи ҳар яки ин пероҳанҳо, ки худ баёнгари ҳолномаи муҳаббаташ бо Солеҳ Ҷалил буд, камаш ҳикояеро рўи лисон меовард, вале афсўс ки Худованд ин ҳунарро ба ў арзонӣ надошта буд…
Чун Солеҳ Ҷалил баъзан дар хобаш “Сабо, Сабоҷон” мегуфт ва он рўзе ки ў барангезандаи оташи муҳаббаташро дар назди тарабхонаи «Душанбе» ҳамроҳи Сабоҷонаш дид, пероҳани сиёҳ харид. Бархилофи ҳама дигар пероҳанҳои дар ҷевон буда ӯ пероҳани сиёҳ ва рўймоли ҳамранги ўро бе маслиҳат бо ошиқи фахундаҷонаш харид. Ўро мақсад чӣ буд, худаш ҳам нафаҳмид ва ду рўз пас, вақте ки Солеҳ Ҷалил ёди ў карду шабона чун дузд ба хонааш омад, ўро дар пероҳани сиёҳ дида, чӣ ҳодиса рўйи доданашро ҳам нафаҳмида пурсид:
– Тинҷи - мӣ?
– Тинҷӣ, - бепарвоёна гуфт ҷавонзан.
– Пас либоси сиёҳ пӯшиданатро сабаб чист?
– Пӯшидани қабои арўсӣ дар сарнавишти ман набудааст, аз ин рӯ ҳамин рангашро ёфта пўшидам. Бубин, ба ман зебанда ҳаст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо