Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Капитани милиса аз қутби шимол ба қутби ҷануб хатти росте кашид, ки он аз маркази ядро гузошт. Шиносоии Хоҷаева бо Солеҳ Ҷалил ва Ношинос, натиҷаи дурўза ҷустуҷўиҳои Ношинос дар Хушкакдара ва ба дидорбинии вай рафтани Лайлӣ Анваровна чун чароғи роҳнамо маркази ядроро рӯшан намуд, ки худ шаҳодати аз шиносоии Хоҷаева бо Ношинос ва Ношинос бо Солеҳ Ҷалил буд, ки дар умум секунҷаи “Бермут” - ро ба хотир меовард.
Ин дафъа ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ на аз шарқ ба нимкураи ғарб, балки шарқ хат кашид, ки аслан хатҳои мазкур аз маркази ядро хеле дур афтиданд, вале худи хати байни шимолу ҷануб, ки аз маркази ядро мегузашт, дар якҷоягӣ онҳоро низ бо маркази ядро, ки маҳали содиршавии ҷиноят буд, пайваст намуд.
Сорбони Ҳомид Хоҷаеваро супоришдиҳанда ва Ношиносро иҷрочии амалиёт ном бурд. Рафту дигар кас ба ин мақомҳо талабгор мебуд, аздусар шербачаҳои Ковалчук тайи ин рўзҳо алоқаи Хоҷаеваро бо онҳо муайян мекарданд. Пайдошавии дуюмбораи Ношинос дар маркази ядро ин хатои маҳзи Супоришдиҳанда ва дуруст дарк накардани хатар аз тарафи иҷрочӣ буд. Аз он чӣ ки Ношинос бори дуюм ба маркази ядро қадам гузошт, ин аз бетаҷрибагии худи ў буд. Капитани милиса ба хулосае омад, ки аслан куштори Солеҳ Ҷалил ба мақсади аз худкунии бор ба вуқўъ пайвастааст ва онҳо то борро ёфтан аз ягон чиз рўй нахоҳанд гардонд. Аз он чӣ ки Хоҷаева аз Ношинос дурӣ меҷўяд, пас ба ҷуз куштор дигар ягон ҳолат онҳоро ба ҳам пайваст намесозад. Аз эҳтимол дур нест, ки ба хонаи дар кўчаи Фирдавсӣ буда Ношиносро худи Хоҷаева набурда бошад. Модоме ки чунин аст, худи Ношинос дар куҷо зиндагӣ кардани Лайлӣ Анваровна ва ба чӣ кор машғул будани ўро намедонад. Хоҷаева бошад, баръакс дар бораи Ношинос маълумоти зиёде дорад ва аҷаб нест, ки бо роҳи шантаж ўро ба куштор моил накарда бошад. Аз чӣ бошад, ки Сорбони Ҳомид маркази ядроро ба Офтоб ва доирачаҳои дар зери қутбҳо бударо ба замину дигар сайёраҳо шабеҳ дод ва мисли он ки замин ва дигар сайёраҳои кайҳонӣ дар гирди меҳвари хеш - Офтоб давр мезананд, имрўз доирачаҳои кашидаи ў низ дар гирди ядрои марказ, ки дар дохилаш мавзеи Хушкакдара навишта шуда буд, давр заданд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо