Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бигузор Лайлӣ омада ўро бубинад. Бо ҳамин мўйлаб ў ба мавзеи Хушкакдара хоҳад рафт.
Боз як талош монд, як талоши шерона. Агар намояндаи шеф биёяд, чӣ хуб ва наояд, боз беҳтар. Ману Лайлӣ савори “Мерседес” ба он ҷо меравем. Чун борро биёрему онро фурўшем, панҷ фоизаш аз рўйи қоида моли ман аст. Онро хоҳ дар шакли пул гирам ва ё хоҳ дар шакли натура.
Аз рафтани Лайлӣ қариб сиву шаш соат гузашта буд.
Шом фаро расид ва Даврон умедашро аз омадани ёвари шеф қариб канда буд. Ў аз ҷояш хеста чароғ даргиронд ва ба тарафи ошхона нияти рафтан дошт, ки касе ба сӯрохии д калид гузошта онро тоб дод…
Баъди рафтани Самандари Раҳим капитани милиса Сорбони Ҳомид расмҳоро ба дасти Гурезов дода, ўро ба мавзеи дидбонгоҳи Хушкакдара фиристод, то расмҳоро ба Ҳурматов нишон дода, ба онҳо супориши иловагӣ диҳад.
– Шояд фардо равам, – баъзе корҳоро асос карда гуфт Гурезов.
– Корҳо гурехта намераванд, вале эҳтимолияти дар мавзеи Хушкакдара ҳар лаҳза пайдошавии марди ношинос боқи мемонад.
– Рафту дигар ношинос наояд-чӣ?
– Меояд ва боз чӣ хел?
Гурезов дигар баҳс накарда, расмҳоро гирифта, аз дар баромад.
Сорбони Ҳомид варақи сафедро болои мизи корӣ гузошта, онро ба қисмҳо ҷудо кард: шимол, ҷануб, шарқ арб.
Сипас, дар зери ҳар як қутб доирача кашид ва дар дохили доирачаҳо номи иштирокчиёни амалиётро навишт, ки иштирокчиёни амалиёт қутбҳои зеринро соҳиб шуданд.
Дар зери қутби шимол - Ношинос, дар муқобили ў, дар қутби ҷануб - Хоҷаева, дар қисми шарқ - Супоришдиҳанда ва дар қисми ғарб - Иҷрочӣ мавқеи хешро ишғол намуданд.
Танҳо баъди ҷобаҷошавии иштирокчииёни асосӣ Сорбони Ҳомид дар мобайни варақи сафед доираи калонтаре кашида, дар дохили он мавзеи Хушкакдара навишт. Ҳамин доираи марказӣ ядрои асосии корҳои ҷустуҷўӣ ба ҳисоб рафта, ҳамаи доирачаҳои дигари дар қутбҳобуда дар гирди ў давр мезаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо