Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Маълум ки шумо ба ман дуруст аҳамият надодед, о ман як моҳ боз мўйлаб дорам, - ду пойро дар як мўза андохта, мўйлаб доштани хешро исбот кардан хост Солеҳ Ҷалил.
Азбаски Даврон як моҳи охир танҳо рўзи гузашта Солеҳ Ҷалилро дида буд, ба гапи ў бовар кард. Ана, ҳоло мўйлабро ёфт, фаҳмид, ки гап дар куҷо будааст. Мўйлаб бигирифту назди оина омад. Мўйлаб ба ў гўё мезебид, ки мунтазири омадани Лайлӣ шуд, вале ба ҷойи ў корманди идораи газ омад. Чун ў бо мўйлаб қариб худашро нашинохта буд, ба корманди идораи газ дарро кушод. Охир ҳоло ҳама дар ҳилаю найранг гум шудагӣ, чун дарро накушодӣ, газ ё барқро маҳкам мекунанд ва пас худат аз пайяшон медавӣ.
Рафту дар ҳақиқат шеф намояндаашро ба марз бо дигар мақсад фиристода бошад - чӣ?
– Дар он сурат мо на танҳо борро аз даст медиҳем, балки то андозае аз боварии шеф ҳам мебароем. Албатта, шеф мепурсидагист, чӣ шуморо маҷбур кард, ки ба ҷустуҷўи бор бароед. Акнун ҳамааш ба “Гурдофарид” вобаста. Ҳамин дафъа, агар ҷон ба саломат барам, ягон илоҷ намуда, аз «Ҳамдилон» баромадан лозим. Аҷиб, ки маро ин «Ҳамдилон»
бе банд бастааст, вагарна духтареро чун Лайлӣ сар медодам?
Модоме, ин дили бечора майли ӯ дорад.
– Шояд ў ҳам нисбат ба ман бе таваҷҷуҳ набошад.
Модоме ки аз боварии шеф баромадааст, маълум ки оташи муҳаббати боло нисбат ба ў аз аланга боз мондааст. Духтар маҳз аз ҳамин метарсад. Кўшиш кардан лозим. Дили ман ҳам акнун мисли гурги гушна аст, ки гург аз ҳай – ҳайи чўпон натарсад.
– Чаро одам чунин кӯтоҳназар аст?
–Чӣ хел кӯтоҳназар?
– О, агар Солеҳ Ҷалил намешуд, баъди он ҳаракати ноҷоят мардум туро зинда намемонданд ва ҳоло дар ҳамин рўзи тирамоҳ сабзаи гӯрат…
– Не, он ки аз нӯшидани шир сӯхтам, дўғро пуф – пуф карда нўшиданам лозим. Ҳаргиз ман ба Лайлӣ дар нахоҳам афтод. Ўро бо роҳи гуфтушунид ба худ наздик хоҳам кард.
– Хайр, бубин.
Даврон тамоми рўз омадани Лайлиро интизор шуд, вале аз духтар дарак набуд. Ба ҳар ҳол ў мўйлабро нагирифт. Бо мўйлаб ў дар назари хеш босалобат намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо