Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо чӣ қадар ба сари сарчўпон дӯғу пӯписа намуданд. Яке аз онҳо рўйирост гуфтааст, ки аз ҳамин гўсфанд - да худат мемурдӣ, мо ин қадар хафа намешудем.
Бубин, бечораҳо шабу рўз дар идора, дар ду рўз расмро ёфта ба ман пешниҳод карданд. Магар дар байни ҳазорон одам ёфтани расми шахси ношинос осон аст? Ман, ки ўро дида будам, қариб буд, ки нашиносамаш, онҳо бошанд ўро надида, расмашро аз куҷое гирифта овардаанд. Ана, инро кор мегўянд. Қарибиҳои шом ў ба деҳа омад. Чун аз поёни боғ ба тарафи чашма тоб хўрд, Ширинро сари чашма дид.
Ширинро, ки танҳо омада буд, баҳри бурдани об. Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак, охир ба дасти малахак,
– аз дил гузаронд Самандар ва ба тарафи Ширин, ки лолу карахт шуда буд, ҳаракат кард…


Даврон баъди рафтани Лайлӣ боз байни чор девори бетонӣ бо ғаму андӯҳаш танҳо монд. Аз он чӣ ки дирўз бегоҳӣ Лайлӣ наомад, Даврон ба хулосае омад, ки шояд ў фурсати муносиби суҳбатро бо шеф наёфтааст. Занҳо дар чунин корҳо таҷрибаи ҳаётӣ доранд ва баҳри хоҳиш ва ё дархосте ҳамеша фурсати маносиб меҷўянд. Наомадани “Гурдофарид” - ро Даврон дигар хел шарҳу эзоҳ дода натавонист.
Дирўз баъди рафтани ёвари шеф ў аз ғалладони оина мўйлаби сунъиеро ёфт. Аслан, ў ҳамин мўйлабро як маротибаи дигар ҳам дида буд. Боре ӯ бо Солеҳ Ҷалил дар Кохи Ҷомӣ вохўрд ва супорише гирифт. Субҳи рўзи дигар Даврон нав аз хоб хеста буд, ки Солеҳ Ҷалил ба дари хонаи ў ангушт зад. Даврон дарро кушода, дар рў ба рўяш Солеҳ Ҷалилро диду қариб буд, нашиносад. Дар як шаб мўйлаби Солеҳ Ҷалил чунон расида буд, ки…
– Ҳа, эшони домулло чаро ба ман чунин нигоҳ мекунед?- тааҷҷуби Давронро дида пурсид Солеҳ Ҷалил.
– О, дирўз, ба фикрам, шумо мўйлаб надоштед - ку.
–Чӣ хел мўйлаб надоштам? - худро ба нодонӣ зада гуфт Солеҳ Ҷалил.
– Ба фикрам, дирўз шумо мўйлаб надоштед.

пешина
аз 513
навбатӣ