Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Боз як расми дигар ҳаст, - гўён Гурезов аз ғалладони мизи кориаш расмеро бароварда, ба дасти Самандар дода гуфт:
-Шояд ин касро шиносед?
Самандар расмро ба даст гирифта, хеле ба он нигариста гуфт:
– Ин ҳамон марди ношиносест, ки чанд рўз қабл ман дар гардиши Сурхокӣ ҳангоми бозгашт аз сари рама дида будам.
– Бисёр хуб. Ана, инаш кист? – боз ҳамон расми дирўзаро пеши ў гузошта пурсид соҳиби утоқ.
– Ба ростӣ, инашро бори аввал мебинам. О, ман дирўз ҳам ба шумо гуфтам, ки ин касро намешиносам.
– Дурусттар назар намо, - хоҳиш кард Сорбони Ҳомид.
– Не, гуфтам - ку инашро намешиносам.
– Боке нест. Муҳимаш он ки ҳаминашро ҳам шинохтӣ,– гуфт Гурезов ва дар пиёлае чой рехта ба дасти Самандар дод.
– Ҳоло ҳам аз ман гумонбаред, - як қулт чой нўшида пурсид Самандар.
– Хафа нашав, бародар. Мо вазъи худатро мефаҳмем, вале ту ҳам бояд моро фаҳмӣ, - гуфт Сорбони Ҳомид.
Самандари Раҳим ин дафъа чизе нагуфт. Фаҳмид, ки милиса то ҳал шудани кор аз ў низ домангир аст.
– Майлаш, акнун ба худат ҳамаашро мефаҳмонем. Агар рафту корҳо омад кунанд, ҳамин ҳафта дигар ғуборе болои худат намемонад, - вазъи бади Самандарро дида гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ба ҳаминаш ҳам ташаккур.
– Муҳимаш он ки бегуноҳ бошӣ.
– Қасам ба виҷдонам…
– Мо бовар кардем, вале танҳо баъди пурра ҳаллу фасл шудани масъалаи мазкур ҳуқуқ пайдо мекунем, ки фикри худро баён созем.
Ин дафъа Гурезов ўро то беруни идора гусел кард.
Самандар тамоми роҳ сари суҳбати хеш бо кормандони милиса андеша кард. «Хафа нашав, бародар, мо худатро мефаҳмем, вале худат ҳам бояд моро фаҳмӣ» гуфтани Сорбони Ҳомид дар гўшаш садо дод. Онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин. Албатта, онҳоро низ калонашон ҳар рўз гўшмол медиҳад. Худи Шодии Лоиқ гуфт, ки боре калонҳо ба сари рамаи ў омаданд ва диданд, ки як гўсфанд ҳаром шудааст.

пешина
аз 513
навбатӣ