Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Магар дар як рўз мўйлаби шахс чунон баланду ғафс мешавад. Не, ман ин мардро бори аввал мебинам, - ба расм нигариста гуфт ў.
Милисаҳо дигар ўро пурсупос накарданд. Худи ҳамон капитан вайро то берун гусел кард ва гуфт, ки рафту агар лозим шуда монад, боз ҷеғ мезанем. Маълум, ки боз онҳо ба ёрии ман муҳтоҷанд. Ў даъватномаро аз дасти хаткашон бигирифту ба хона рафт. Ҳоло ў ҳамроҳи сарчўпон ба қавле дар қисми истироҳатанд. Танҳо баъди чор шабонарўз онҳо боз ба сари рама мераванд ва ду ҳамкори дигарашонро ҷавоб медиҳанд.
Бародарию баробарӣ. Як ҳафта ў ҳамроҳи Шодии Лоиқ меистаду як ҳафта Сафолу Саймурод. Умуман, ду рўзе, ки ў дар ин ҷост, Ширинро танҳо аз дур дид. Гумон кард, ки Ширин умуман майли ў надорад, вале модараш ўро ором карда гуфт, ки қоида ҳамин хел аст ва ҳаминаш беҳтар аст, ки келин аз ту дурӣ меҷўяд. Набошад, боз мардум як гала гапу калочаҳо мекунанд. Чӣ ҳам мегуфт Самандар, ба хотири висоли Ширин ў тоқат мекард. Ширин ин рўзҳо боре ҳам сари чашма наомад ва акнун бурдани обро хоҳараш Маҳин ба душ гирифта буд.
Самандар модарро огоҳ кард, ки то маркази ноҳия рафтанаш лозим ва аз дар баромад. Вақте ки ў аз пайроҳаи деҳ баромад, нохост ба қафо нигариста Ширинро дид, ки аз пеши хонаашон бо нигоҳе ўро гусел дошт. Не, ў аз чунин масофа фаҳмида натавонист, ки нигоҳи Ширин чӣ хел аст, вале баробари ба тарафи деҳ нигаристанаш Ширин нигоҳашро аз ў гурезонида, сар ба зер афканд.
– Модоме ки Ширин ба гусели банда баромадааст, пас маълум мешавад, ки ў нисбат ба ман бе тафовут нест, - аз дил гузаронд Самандар ва роҳашро давом дод…
Ў даъватномаро ба навбатдор нишон дода, рост ба утоқи кории Гурезов рафт. Ба дар ангушт заду чун овози соҳиби утоқ шунид, дарро кушод.
– Ҳа, Самандар, бубахш, ки…
– Ҳеҷ гап не, модоме ки ҷеғ задед, албатта, боз ягон кор баромадагист, - гўён Самандар бо Гурезов ва Сорбони Ҳомид даст дода, вохўрӣ намуд ва ба курсие, ки соҳиби утоқ нишон дод, нишаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо