Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ илоҷ. Хуш, сари кадом мавзуъ суҳбат доред?
– Мо бо рафиқ муфаттиш сари масъалаи нишон додани расм баҳс дорем. Ба ақидаи домулло Самадов мо ҳангоми нишон додани расм ба вайрон кардани қоидаҳои просесуалӣ роҳ додаем.
– Хатои мо дар куҷо будааст?
– Дар ҳамон, ки мо расмро танҳо ва бе протокол нишон додаем.
– Муҳтарам Самадов метавонанд ташвиш накашанд.
Шоҳидон бе ин ҳам он расмро нашинохтанд, - каме бо зарда гуфт сардори ШКД.
– Дар ҳама ҳолат риояи қонун шарт аст, - паст наомада гуфт муфаттиш.
– Вобаста аз он ки вай кадом ҳолат аст.
– Ба ҳар ҳол…
– Ҳа, дарвоқеъ худи ҳозир ман бо Ғаюр Наботович гапзанон кардам, муҳлати рухсатии хизматиатонро бори охирин ба муҳлати панҷ рўз ва як дақиқа ҳам зиёд не дароз кард, – ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт Ҳамид Ҷовид ва ба ин васила хост мавзуи суҳбатро дигар намояд.
Онҳо боз каме сари масъалаҳои гуногун суҳбат намуданд ва Самадов бо онҳо худоҳофизӣ намуд.
Ҳамид Ҷовид андешаҳои хешро дар бораи ҳамон расми аз ноҳияи Марказӣ гирифта ба мусоҳибаш иброз намуд.
– Шояд ба воситаи компютер онро бе мўйлаб намоем?
– Агар имконияташ бошад, як маротибаи дигар расмро бе мўйлаб ба Ҳурматов ва Раҳимов нишон диҳед.
– Ман худи ҳозир аз пайи ҳамин кор мешавам, - гўён Сорбони Ҳомид аз сардори ШКД ҷудо шуда вориди бино гардид…


Самандар ин дафъа аз гирифтани даъватномаи милиса хафа нашуд, ў нағз фаҳмид, ки милиса баръакс кўшиш бар он дорад, то соя аз болояш дур афканад. Рўзи гузашта дар утоқи кории Гурезов расмеро нишон доданд. Ҳарчанд расм ба шахси дар мавзеи Хушкакдара шабоҳат дошт, вале ў онро нашинохт. Охир ў наметавонист, ки баҳри дур афкандани соя аз болои хеш ғуборе ба болои дигарон афканад. Дар ҳақиқат рўзе ки ў ношиносро дид, мўйлаб надошт ва милиса гуфт, ки расм ҳамагӣ таърихи якрўза дорад.

пешина
аз 513
навбатӣ