Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рафту механизми нашъаҷаллобон ба ҳаракат дарояд, дар ҳамин муддат корҳо панҷ мешаванд. Ў чанд тугмачаро дар телефон чид.
– Лейтененти милиса Гурезов гўш мекунад.
– Гўшакро ба капитани милиса Сорбони Ҳомид медодед.
– Он кас нестанд.
– Чун биёяд, гўед назди ман дарояд.
– Хуб шудааст.
Ҳамид Ҷовид сигор даргиронд ва ба курсии мулоим такя намуд. Ў дар зери фаввораи дуди тамоку сари воқеаҳои ҳафтаи охир ба андеша рафт. Чор рўзи охир қариб, ки аз гурўҳи дар мавзеи Хушкакдара буда хабаре нагирифтанд.
Хабар буд, вале хабаре не ки таваҷҷуҳи кормандони милисаро бедор кунад. Расми аз ШКД – и ноҳияи Марказӣ омадаро на Самандари Раҳим ва на кормандони ШКД – и ноҳияи Гулобод шинохтанд. Агар чунин аст, пас ношинос умуман пайи хеш ҷорӯб задаст. Рафту айб дар расм бошад - чӣ? Ҳеҷ мумкин нест, ки шахси ду рўз пештар дидаатро дар расм нашиносӣ. Самандари Раҳим ва лейтеанти милиса Ҳурматов гуфтанд, ки ношинос мўйлаб надошт. Дар расм бошад, марди ношинос бо мўйлаби ғафс. Агар баръакс мешуд, мегуфтем, ки ношинос мўйлабашро тарошидааст, вале... Исто, исто! Рафту ношинос мўйлаби сунъӣ монда бошад - чӣ. Маҳз ҳамин ҳолатро мо аҳамият надодем. Ҳоло ҳама санъаткору актёр шудаанд ва чӣ кам, мўйлаби сунъӣ.
Гўё ки ў кашфиёте карда бошад, яку якбора аз ҷояш парида хест ва тамокуи нимсўхтаро ба хокистардон гузошта берун баромад.
– Сорбони Ҳомид наомад? - пурсид ў аз навбатдор.
– Он кас дар берун ҳамроҳи Самадов суҳбат дорад.
Ҳамид Ҷовид дигар сухане нагуфта, аз бинои милиса берун шуд. Сорбони Ҳомид ҳамроҳи муфаттиши прокуратура сари кадом масъалае суҳбат дошт. Ҳамид Ҷовид ҳам ба ҳамон тараф ҳаракат кард ва хост аз паҳлуяшон гузашта равад, вале дар суҳбат будагон ўро бо як эҳтироми хоса ба даври хеш хонданд.
– Рафту ба суҳбататон халал расонам?
– Ҳаргиз чунин намешавад, рафиқ подполковник,-гуфт Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо