Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Иштиҳо дар вақти хӯрдан қозгир мешавад ва чун худат он доруҳои маргро обу лой намоӣ, дилат аздусар корнамоиҳои нав хоҳад.
– Тоза ба тоза, нав ба нав гўй.
– Бигузор гуфти худат шавад.
– Ман обу лой намудани борро низ ба гардани Даврон мемонам.
– Рафту агар ў қабул накунад - чӣ?
–Чӣ хел қабул намекунад? Ў амри болоро шунида, ҳатто андешаи некиҳои Солеҳ Ҷалил накард. Ў манқурти таппа - тайёр шудагӣ, чун номи болоро шунавад, мўйи баданаш сих мехезад.
– Инаш ҳам бахту давлати худат.
– Чун борро обу лой намоям, якто мошини сабукрав мехарам.
– «Буз дар кўҳу онро суночӣ пӯст мекунӣ» - ҳа. О, аввал борро биёр, пас онро обу лой намо ва пас…
– Худи ҳамин шаб ба роҳ мебароем. Аниқтараш намози шом ва агар кор омад кунад, то фардо субҳ бармегардем.
– О, гуфтӣ, ки намояндаи шефро мебарем, пас ин чӣ мешавад?.
– Даврон ақлаш ба чунин корҳо намегирад. Мегўям, ки шеф ҳамаашро ба зиммаи ман гузошт ва ман рўйи роҳи калон истода мусиқӣ гўш мекунаму ў рафта борро меорад.
– Беҳтар мешуд, ки худат намерафтӣ.
– Рафтани ман шарт, боз як талош, талоши охирин ва ман шоҳдухтар! Бигузор ҳамсояҳои ҳасудам аз ғаму андўҳ мубталои бемории сил шаванд, ба ман-чӣ?
Лайлӣ болои кати мулоим дароз кашид…


– Бори охирин.
– Мефаҳмед, Ғаюр Наботович.
– Ҳамагӣ панҷ рўз ва як дақиқа ҳам зиёд не.
– Ба ҳаминаш ҳам ташаккур.
– Ба капитани милитса Сорбони Ҳомид ҳам аз номи ман салом гўед!
– Хуб шудааст, – гўён баробари шунидани гуд - гуди телефон ў низ гўшакро ба ҷояш монд. Ба ҳар ҳол дастгирӣ аз ин зиёд намешавад.

пешина
аз 513
навбатӣ