Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигузор гуфти ҳамин муллои ҷодугар шавад. Дирўз Даврон гуфт, ки дар ёфтани бор хуни ҷигар шуд.
Лайлӣ суханони Давронро гўш кард ва худро тарзе вонамуд сохт, ки бовар кардааст. Падараш ҳамеша таъкид мекард, ки “Лайлиҷон, ҳеҷ гоҳ мусулмон бояд мусулмони дигарро дар ҳолати ноҳинҷор намонад, изои муъмин ҳаром мегуфт.” Ба ҳар ҳол, дирўз Лайлӣ суханони қиблагоҳашро нашикаст. Акнун боз як талош лозим буд, то бори овардаи Солеҳ Ҷалилро аз худ намояд. Аслан, ў метавонист ба Гулобод ҳам наравад, вале барои чунин амалиёт ҳатман нақлиёт зарур буд. Чун Даврон ҳеҷ гоҳ бо нақлиёт сару кор надошт, ў наметавонист мошинро ба ихтиёраш гузорад. Бо таксӣ ҳам ба он мавзеъ рафтан маъние надошт, чунки ронандаи таксӣ метавонист аз ин сирри нуҳуфта огоҳ гардад ва чун рўзаш ояд, ў баҳри милиса шоҳиди таппа тайёр, ба шарте, ки то он рўз ҳам сабр намояд. Дар акси ҳол ў соате баъди бо Даврон ҳисобӣ кардан ба милиса давида, он рози ниҳон ошкор мекунад ва ҳатто чашмаш напарида ҳамаи инро қарзи шаҳрвандӣ медонад. Рафту бахт омад кунад, боз як талош мондааст. Талоши охирин, мисли ҳуҷуми охирин дар ҷанги тӯлонӣ.
“Последний бой, самый трудный бой” - ба ёд овард сурудеро ки аскарон ҳангоми ба ҷанг рафтан мехонданд. Ин суруд дар чандин кинофилмҳои бадеӣ садо дода буд ва ҳоло “Гурдофарид” бори дигар онро зери лаб замзама кард.
– Ҳофиз будаӣ – ку?
– Ман аз ҳофизаҳо чӣ камӣ дорам? - эътироз кард Лайлӣ.
– Камие надорӣ, рафту агар ҳамин касбро интихоб мекарди ояндаат дурахшон буд.
– Ҳоло чӣ?
– Ҳоло вазъи худат мисли он аст, ки дар болои бочкаи борут қадам мениҳӣ.
– Наход?
– О, инро худат аз ман хубтар медонӣ-ку. Лаҳзае пеш афсус хурдӣ, ки Даврон мошинро идора карда наметавонад.
– Талоши охирин, тамом вассалом. Баъди ин амалиёт ман дигар ҳеҷ гоҳ ба маводи мухаддир даст нахоҳам зад.

пешина
аз 513
навбатӣ