Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– То кунун ягон натиҷае нест.
– Модоме ки натиҷае нест, корҳо бад. Мо бояд ягон натиҷае ба даст биёрем, хоҳ он мусбӣ бошаду хоҳ манфӣ.
– Мефаҳмам, вале хабаре дар ин бора нагирифтаем.
– Оё шумо ба бегуноҳии Ятими Тош кафолат дода метавонед?
– Не.
– Оё шумо бовар мекунед, ки Ятими Тош гунаҳкор аст?
– Модоме ки ҳамкорони гулободии мо ўро гунаҳгор меҳисобиданд, пас ман ҳам ба онҳо ҳамақидаам, чунки то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
– Ҳамақида будан кам аст, ҳамақидагиро на дар сухан, балки дар амал исбот кардан лозим.
– Ман ҳам кўшиш дорам.
– Гуноҳи Ятими Тошро собит сохтӣ?
– Не, кўшиш дорам, ки ҳақиқатро муайян намоям. Агар Ятими Тош дар ҳақиқат гунаҳгор бошад, бигузор дар асоси қонун ҷазояшро гирад ва маро аз ин боке нест. Агар Ятими Тош бегуноҳ бошад, боз беҳтар, чунки ҳар як амали мо метавонад сояро аз рўйи ў дур кунад.
– Ба фикри шумо одамро гунаҳгор кардан осонтар, ё бегуноҳии ўро собит намудан?
– Намади сиёҳ ба шустан сафед намешавад, вале намади сафедро доғдор кардан мушкилие надорад.
– Ана, аз ҳамин лиҳоз корро дар атрофи Ятими Тош ҷоннок намоед, нашаваду рўзе мо дар назди виҷдон ҷавоб гўем.
– Дар ҳама ҳолат мо мавқеи шахсро аз ҳама боло мемонем, вале агар ўро гуноҳе бошад, мо онро рўйпўш нахоҳем кард…


Баъди бозгашт аз кўчаи Фирдавсӣ “Гурдофарид” як шабонарўз аз манзили хеш берун нашуд. Ў сари хабари овардаи Даврон гаштаю баргашта андеша намуд.
– Спешишь, людей насмешишь, – мегуфт Солеҳ Ҷалил ва тайи як шабонарўз ў ҳама тарафҳои корро аз сару бар санҷид.
Ў дарёфти борро аз тарафи Даврон муаммо ҳам надонист. Он чӣ ки аён буд, ў ҳангоми гуфтушуниди дафъаи гузаштааш фаҳмида буд, вале худро ба даст гирифту сирро бой надод.

пешина
аз 513
навбатӣ