Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шакли сеюм вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт.
“Мо чунин мешуморем, ки яроқи чор сол пеш гумкардаи Раҳимов Самандар аз дасти Ятими Тош берун нест,” ба ёд овард суханони рўзи гузашта ба воситаи телефакс гирифтаашро.
– Шерлок Холмсҳои навбаромад. Онҳо чӣ гумон кардаанд, ки ба ҷуз худашон дигар касе аз корҳои ҷустуҷўӣ воқиф нест, - аз дил гузаронд Ҳамроҳ Қаюмов. - Оё онҳо худашон мефаҳмида бошанд, ки барои муайян намудани чунин корҳо на танҳо рўзу моҳ, балки солҳо лозим аст. Ё гумон доранд, ки мо Ятими Тошро ба гуфтушунид даъват намуда, ба ў ултиматум пешниҳод мекунем. Шояд ба дасти ў бурда аз номи ШКД ноҳияи Гулобод нота супорем.
Ҳар қадар сардори милитсаи ноҳияи Бўстон сари ин масъала андеша кард, ҳамон қадар худро дар гирдоб дид.
Дирўз ў баробари гирифтани хабари оҷилӣ сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ капитани милитса Мардихудо Амрихудоевро наздаш хонда, сари ин масъала супориши қитъӣ дод, вале…
Ў имрўз наметавонад, ки барои иҷро накардани амраш ба Амрихудоев танбеҳ диҳад. Охир дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳам чунин ҳолате нест, ки баъди як шабонарўз аз натиҷаи чунин корҳо пурсон шавӣ ва зердастро барои иҷро накардани амр ё худ супориш музтар намоӣ.
Ҳамроҳ Қаюмов ҳамаи инро нағз мефаҳмид, вале ў гуфта наметавонист, ки ҳамкасбони гулободӣ ҳамин ҳолатро мефаҳманд ё не. Ба ҳар ҳол ў лозим донист, ки сари ҳамин масъала бо капитан Амрихудоев суҳбат намояд. Аз ин рў, ў телефонро, ба наздаш оварда, чанд тугмачаи онро зер кард.
– Амрихудоев гўш мекунад.
– Назди ман дароед, - гўён Ҳамроҳ Қаюмов гўшакро ба ҷояш гузошт.
Тахминан баъди даҳ дақиқа Амрихудоев рухсат пурсида, вориди утоқи кори Ҳамроҳ Қаюмов шуд.
– Марҳамат, гузашта шинед, – гуфт соҳиби утоқ курсиеро нишон дод ва чун сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҷойи хеш ишғол кард, соҳиби утоқ аз натиҷаи супориши дирўзааш пурсон шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо