Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ба шуғнӣ даст диҳӣ, аз оринҷ медорад, - коғазҳоро болои миз гузошта гуфт Ковалчук.
– Ҳамид Ҷовид шуғнӣ нест?
– Фарқаш чӣ, мо хоҳишҳои ўро ба ҷо овардему ба бало мондем - ку? Акнун боз талаби он дорад, ки хонаи дар кўчаи Фирдавсӣ бударо низ ба зери назорат гирем.
– Моро роҳи бозгашт нест.
– Худаш ҳам ҳамин хел аст. Ҳамид Ҷовид моро расман ба ин амалиёт шарик кард.
– Пас биёед, Олег Ефремович, як бори дигар сухани ҳамкасбонро ба замин намонем.
– Сухан куҷо? Ҳар он ҷо ки Ҳамид Ҷовид болои лисон овардааст, талаб аст.
– Талаб аст ё хоҳиш, дигар фарқе надорад. Мо бояд тамоми чораҳоро андешем, ки амалиёти ҳамкасбони гулободиро ба бод надиҳем.
– Метавонед осуда бошед.
– Набошад аз худи ҳамин лаҳза аз пайи иҷрои талаби ҳамкасбони гулободӣ шавед!
– Хуб шудааст! - гўён Ковалчук аз ҷой бархест.
Соате пас гурўҳи дуюми кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ хонаи дар кўчаи Фирдавсӣ бударо, ки ба номи Ҷалилов Наврўз Солеҳович сабти ном шуда буд, зери назорат гирифтанд. Ба гурўҳи мазкур рақами шартии “Дуюм” ва ба гурўҳи Музаффари Сафар рақами “Якум” дода шуд. Худи Ковалчук бошад “Марказ” ном гирифт…
Ҳамроҳ Қаюмов ҳеҷ марому мақсади ҳамкасбони гулободиро нафаҳмид. О, агар Ятими Тош гунаҳгор мебуд, магар гуноҳашро дайн кардан душвор буд? Аз куҷо ҳамкорони гулободии мо фаҳмидаанд, ки яроқи гумкардаи аскари қаторӣ аз дасти Ятими Тош берун нест. «Кафа сари хирман гуфтаанд».
Чаро гуноҳи ўро тафтишот дар вақташ дайн накард. Баъди гузаштани чор сол боз сари ҳамин масъала баргаштан ин баробари он аст, ки коҳи кўҳнаро бод медиҳӣ. Он кӣ коҳи кӯҳнаро бод мекунад, ба гумон аст донае биёбад, чунки дони байни коҳро дар ин муддат ё зоғу заған хӯрдааст, ё пӯсида рафтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо