Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро ҳамкорони гулободӣ сокини ноҳияи онҳо Хоҷаеваро дар куштори Солеҳ Ҷалил гумонбаранд. Охир агар Хоҷаева қасди ҷони Солеҳ Ҷалил мекард, аз ҳама беҳтар барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки хеш истифодаи заҳр ва ё дозаи баландтари героин кифоя буд. Дар он сурат ба гумон буд, ки ҳодисаи мазкур ба рўи ў соя афканад ва агар чунин ҳодиса дар кўчаи Фирдавсӣ рух медод, онро ҳатто худкушиӣ ҳам арзёбӣ мекарданд. Барои ин ҳама асосҳо низ буданд. Солеҳ Ҷалил се сол мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор дошт ва оқибат ба таъқиби милиса тоб наоварда, ба худкушӣ даст зад ва ё аз меъёр зиёд героин истеъмол карда ба ҳалокат расид.
Аҷаб нест, ки ҳама он давлату савлати Лайлӣ Анваровна дастмояи Солеҳ Ҷалил набошанд, вале онҳо ба таври расмӣ моли худи Хоҷаева ҳисоб мешаванд ва ба гумон буд, ки баъди ба ҷавобгарӣ кашидани Солеҳ Ҷалил ҳам ў ҷою ҷалоли хеш аз даст медод. Охир каманд роҳҳои даромад. Шахсе, ки нони хӯрдан надошт, акнун соҳиби қаср аст ва баръакс онҳое, ки дар замони советӣ соҳиби мансабу вазифа буданд, айни вақт қариб талбанда шуданд, чунки ҳамқадами замона шуда натавонистанд. Дирўз кормандони мо духтараки ноболиғеро дастгир намуданд, ки дар соати дастиаш героин ҷой дода буд.
Модоме ки духтари ноболиғ ба чунин роҳ рафтааст, пас бозори нашъаҷаллобон дар авҷ аст. Акнун ёбу гир, ки дар ҳама соатҳои дастӣ героин нест…
Шарифзода сари ин масъалаҳо андешаронӣ карда, суханони маъмули мардумӣ «ҳофиз манаму бародарам мехонад» – ро ба ёд оварда хандааш омад. Охир дар ҳодисаи мазкур худи гулободиҳо ҳофиз буданд, вале бародарашон Шарифзода нияти рўи саҳна омадан дошт…
Майори милиса чанд рақамро дар телефон чида, сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Ковалчукро ба назди хеш хонд.
Танҳо баъди чаҳоряк соат Олег Ефремович ба дари сардори ШКД ангушт зада, рухсати даромадан пурсид.
Шарифзода баробари ба курсӣ нишастани Ковалчук матни барқияи аз Гулобод омадаро ба дасти ў дода, худ коғазҳои дар рўйи мизи корӣ будаашро ба тартиб дароварда, ба яке аз ғалладонҳои мизи кориаш гузошта, мунтазири гуфтушунид шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо