Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Охир ў наметавонад ҳиссаи хешро аз супоришдиҳанда гирад ва маҷбур аст, ки бореро, ки барои он шуда даст ба чунин ҷинояти мудҳиш зад, ёбад.
– Шояд расмро ҳамчунин ба Файзуллоев бурда нишон диҳед?
– Шояд, қотил аъзои дигар ҷабҳа аст ва ба гумон аст, ки расмро шиносад.
– Расми Хоҷаеваро ҳам ба Файзуллоев нишон додан лозим аст.
– Ин ҳама даву този зиёдатӣ маъние надорад. Файзуллоев Хоҷаеваро чун рассом тасвир кард ва ман баробари дидани расми ў дар формаи рақами як Хоҷаеваро шинохтам. Ҳоло Лайлӣ Анваровнаро аз мадди назар дур кардан лозим нест.
Агар шахси дар расмбуда дар ҳақиқат худи ҳамон марди ношиносест, ки таваҷҷуҳ ба мавзеи Хушкакдара намудааст, дур нест он рўз, ки ў худаш ба мо Лайлӣ Анваровнаро муаррифӣ накунад.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки Хоҷаева дар ин амалиёт чӣ нақш бозидааст?
– Нақши ўро рафти тафтишот муайян мекунад. Дар айни вақт мо ўро ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят арзёбӣ мекунем.
– Ба Шарифзода чӣ гўем?
– Хоҳиш намоед, ки назоратро аз болои марди аксашро фиристода низ пурзўр намояд.
– Танҳо баъди он ки расмро нишон додеду онро шинохтанд.
–Албатта, танҳо баъди он.
–Фардо муҳлати роҳхати хизматиатон ба анҷом мераса Ман хоҳони онам, ки шумо ҳосили кишти хеш бигиред. Агар зид набошед, ман як бори дигар ба Ғаюр Наботович занг занам.
–Зид нестам…
Дар нимаи дуюми рўзи 2 сентябр Шарифзода ба хабари оҷилии хеш, ки субҳи ҳамин рўз ба воситаи телефакс ба ноҳияи Гулобод фиристода буд, ҷавоб гирифт. Чун ҳамкорони гулободӣ аз хабари субҳгоҳии онҳо қаноатманд шуда буданд ва васеъ намудани амалиёти ҷустуҷўиро талаб доштанд, майори милиса Шарифзода ташвишу тарадудҳои ҳамкорони гулободӣ ва дар кадом вазъ қарор доштани онҳоро пеши назар овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо