Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Аз рўйи нишонаҳое, ки мо дар даст дорем, шахси ношиносеро, ки дар мавзеи Хушкакдара дидаанд, бояд ҳамин кас бошад.
– Намедонам, вале агар дар ҳақиқат ношинос ҳамин шахси дар расм аксбардорӣ шуда бошад, ў дер ё зуд бояд аз нав ба ин мавзеъ ташриф орад.
– Мақсади ин ташрифҳо чӣ хоҳад буд?
– Агар хатто накунам, ёфтани борест, ки Солеҳ Ҷалил оварда будааст. Ба фикрам, оне ки ба куштори Солеҳ Ҷалил даст задааст, бори ўро наёфтааст. Шояд Солеҳ Ҷалил ягон хатарро ҳис карда, борро дар ягон ҷо пинҳон намуда, ба тарафи роҳи калон омадааст ва дар байни роҳ аз тарафи нохалафе, ки омадани ўро интизор будааст, ба қатл расонда шудааст. Чун қотил борро дар бари Солеҳ Ҷалил наёфта, думи хеш аз он маҳал хода кардааст…
– Аз рўйи нишондоди Самандари Раҳим, ки ҳамон бегоҳ ба воситаи дурбин ҳаракатҳои ношиносро тамошо кардааст, ношинос дар он маҳал чизе мекофтааст. Пас, бояд фаҳмем, ки мақсади ҷустуҷўҳои шахси ношинос чист? Корманди худамон, ки рўзи дуюм ношиносро дар роҳ дидааст, бо боварӣ гуфт, ки ў дар борхалтааш чизе надошт. Модоме ки ў бо борхалтаи холӣ баргаштааст, пас ў борро наёфтааст.
– Ё ёфтаасту дар ягон ҷо пинҳон намудааст, - луқма партофт Ҳамид Ҷовид.
– Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Ба ақидаи ман қотил бо амри касе даст ба ҷиноят задааст. Чун ў бе бор ба назди супоришдиҳанда баргаштааст, супоришдиҳанда шартномаи тарафайнро бинобар набудани бор бекор кардааст.
– Ба ақидаи шумо супоришдиҳанда кист?
– Аниқ гуфта наметавонам, вале мо набояд назоратро аз мавзеи Хушкакдара бардорем.
– Гумон доред, ки баъди ин ҳама бебарориҳо ношинос дуюмбора ба он мавзеъ бармегардад?
– Аз эҳтимол дур нест.
– Ин ҷавоб шуда наметавонад, чунки мо наметавонем як умр он мавзеъро ба зери назорат гирем. Қувваҳои мо ҳамагӣ як ҳафта метавонанд мавзеи мазкурро ба зери назорат гиранд.
– Ба ҳаминаш мо бояд умед бандем. Лек, ба фикри ман, ношинос дар ҳамин рўзҳои наздик боз азми тамошои мавзеи Хушкакдараро хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо