Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чанд дақиқа пас Сорбони Ҳомид рухсат пурсида вориди утоқи кории сардор шуд. Ҳамзамон, капитани милиса хабар дод, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Гурезовро ба коре фиристодааст.
– Марҳамат, ана ба хабари оҷилӣ шинос шавед, - гўён Ҳамид Ҷовид коғазҳои дар болои миз бударо ба дасти Сорбони Ҳомид дода, худ тамоку даргиронда, назди тиреза рафт.
– Бад не, - гуфтани Сорбони Ҳомид сардори ШКД - ро аз байни андешаҳо берун овард. Ў сари мизи корӣ баргашта, дар рў ба рўи Сорбони Ҳомид нишаста гуфт:
– Рафиқ капитан, агар мо ба комёбие ҳам ноил гардида бошем, ин танҳо хизмати шумост.
– Илтимос, ин гапҳоро нагўед. Қарсак ҳамеша аз ду даст садо медиҳад. Он чӣ ки то ба имрўз мо ба даст овардаем, меҳнати якҷояи як коллективи бузург аст. Ҳамчунин, дар ин ҷода хизмати кормандони милисаи ноҳияи Марказӣ низ назаррас аст. Агар шумо ба Шарифзода занг намезадед, ба гумон буд, ки имрўз мо сари ин миз ба машварат нишинем.
– Фикри шуморо дар ин бора (ў ба коғазҳо ишора кард) донистан мехостам.
– Ин ҳама ҳоло аз нўги хамир фатир аст.
– Далел?
– Аз он чӣ ки Соро Қаландарова дар бораи он ҳуҷраи дар кўчаи Фирдавсӣ доштааш хабар надорад, ҷойи баҳс ҳам нест.
Ба замми ин, худи Солеҳ Ҷалил соҳиби мошини «Тайота»
буд…
– «Тайота» доштанаш дар ҳуҷҷатҳо сабт шудагӣ, вале ба номи писараш гузаронидани хонаро бори аввал мешунавам.
– Ба фикрам, хона ба рафти тафтишот ягон дигаргуние намеорад.
– Аминам, ки ҳамин хел мешавад.
– Нисбат ба ин расм чӣ андеша доред?
– Расмро ба Самандари Раҳим нишон додан лозим меояд.
– Ба кормандони худамон чӣ?
– Ба онҳо ҳам, агар ўро шиносанд. Рафту аз ҳарду тараф ўро шиносанд, боз беҳтар.

пешина
аз 513
навбатӣ