Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Сипас, ба кормандони мо муяссар шудааст, ки бо баҳонаи гирифтани имзо барои иваз намудани қубурҳо шахсони дар хонабударо то ба назди дар биёранд. Сараввал ба паси дар худи Хоҷаева омадааст ва ҳарчанд ў овоз надодааст, корманди мо дар хона будани ўро муайян намудааст. Танҳо баъди занги сеюм марде ба паси дар омада, гулў рӯшан намудааст ва чун мақсади корманди хоҷагии коммуналӣ, (дар асл корманди милисаро), шунидааст, бетафовутии хешро нисбат ба иваз кардани қубурҳои обгузар баён намудааст.
Аз ҳамин лиҳоз, мо хонаи дар кўчаи Фирдавсӣ бударо муайян намудем, ки он ба номи Ҷалилов Наврўз Солеҳович сабти ном шудааст. Хона якҳуҷрагӣ буда, бо мебели замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Мо, ҳамчунин, тавассути идораи газ дирўз корманди хешро ҳамчун муттасадии ҳамин идора вориди хона намудем ва ў тавонистааст, ки пинҳонӣ марди дар он хона бударо, ки худро соҳибхона муаррифӣ намудааст, расм гирад.
Ҳарчанд расм он қадар равшан нест, вале мо аминем, ки шумо шахсияти ўро муайян хоҳед кард, чунки ин кор ба мо даст надод.
То ҳанўз мо васигии Хоҷаеваро ба душ дорем. Рафту агар шумо нисбат ба Хоҷаева маълумоти бештаре ба даст овардан хоҳед, мепурсем ба воситаи телефакс ба ин кор равшании бештаре андозед. Ба хабари оҷилӣ расми шаҳрванде, ки дар кўчаи Фирдавсӣ 83/2, ҳуҷраи 9 аксбардорӣ шудааст, илова карда мешавад.
Сардори ШКД-и ноҳияи Марказӣ майори милитса Р.И.Шарифзода
2 сентябри…”
– Бад не, - коғазҳоро болои миз гузошта, расмро ба даст гирифта гуфт Ҳамид Ҷовид.
Расмро ў нашинохт. Ба ҳар ҳол пайвастагиеро дар расм ва марги Солеҳ Ҷалил надида бошад ҳам, зарур донист, ки расмро ба онҳое, ки дар мавзеи Хушкакдара назорат мебурданд, нишон диҳад. Ҳамид Ҷовид гўшаки телефони дохилиро бардошта, аз навбатдор хоҳиш кард, ки капитани милиса Сорбони Ҳомид ва лейтенант Гурезовро ба наздаш даъват намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо