Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Навбатдор сардорро аз вазъи ҳодисаю воқеаҳои шабонарўзи гузашта огоҳ намуда гуфт, ки ҳамин субҳ аз ноҳияи Марказӣ тариқи телефакс хабари оҷилӣ гирифтанд.
– Чанд вақт шуд?
– Ним соат пештар.
Бо амри сардор навбатдор рафта матни хабари оҷилиро гирифта баргашт. Ҳамид Ҷовид айнакашро ба чашм гузошта коғазҳоро ба даст гирифт:
“Ба сардори ШКД–и ноҳияи Гулистон подполковники милиса Ҳамид Ҷовид.
Хабари оҷилӣ
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказӣ дар асоси дархости Шумо тайи чанд рўзи охир ҳаёт ва фаъолияти сокини кўчаи Гули Сурх 28/3 хонаи 16 Хоҷаева Лайлӣ Анваровнаро мавриди омўзиш ва санҷиши оперативӣ қарор дод.
Ду сол қалб Хоҷаева бахши молияи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм намуда, то ҳол дар ягон ҷо кор накардааст. Хонаи дар кӯчаи Гули Сурхбударо ў шаш сол пеш ҳангоми донишҷў буданаш харидорӣ намудааст. Хона ду ҳуҷрагӣ буда, бо мебели хориҷии «Империал» муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин, дар хона ду яхдони калони «Помир 7» ва мошини дарздӯзии «Зингер» низ ҳаст.
Ду сол пеш Хоҷаева мошини шахсии тамғаи «Волво» - ро бо шаҳрванди шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирғизистон фурўхтааст.
Дар айни вақт соҳиби мошини тамғаи «Мерседес – 600» рақами
01 давлатиаш Е 19 – 55РТ аст. То ба ҷойе, ки ба мо даст дод, муайян намудем, ки Хоҷаева аз ягон ҷо меросе нагирифтааст.
Ҳамчунин, ў ба воситаи бозиҳои спортӣ, аз ҷумла лотореяи пулӣ, молӣ ва вомбаргҳо низ бурде накардааст. Дар бораи роҳҳои даромади Хоҷаева то ба имрўз мо маълумоти саҳеҳе дар даст надоштем…
Муносибаташ бо ҳамсоягон сард буда, қариб ки бо касе рафтуомад надорад. Расми Солеҳ Ҷалилро, ки ба ихтиёри мо монда будед, ҳамсояҳо шинохтанд ва хабар доданд, ки шаш соли охир ба хонаи Хоҷаева рафту омад доштааст. Дирўз кормандони бахши оперативии мо Хоҷаеваро то ба кўчаи Фирдавсӣ дунболагир шудаанд ва ҳатто амалиёти хурде низ гузаронданд. Дари хонаеро, ки Хоҷаева ба он ҷо рафтааст, бо калиди хеш кушода ворид шудааст.

пешина
аз 513
навбатӣ