Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан киштукори баҳорӣ дар Гулобод моҳҳои май - июн сар мешуд ва он ҳам бо як заҳмати зиёде.
Мардум баъди иди Наврўз панҷ - шаш маротиба қитъаҳои замини хешро хок пошида, сиёҳ мекарданд ва ба умеди рўзи фардо ғалладона мекоштанд.
Ҳамид Ҷовид ба талу теппаҳои атрофи Гулобод назар кард. Ҳама ҷо сабзу мунаввар, ба қавли Нўшервони Ҳалим мисли биҳишт. Ҳоло ки дар дигар маҳалҳо гандумро кайҳо даравидаву кӯфта буданд, вале дар талу теппаҳои Гулобод ғаллазорони сабз мавҷ мезад… Агар зимистон барвақттар биёяд, ғалла зери барф монда, ба хўроки чорво табдил меёбад. Бо ҳама сахтиҳои табиат Гулобод чун нигин дар ангушттарини дасти сокинонаш ҷило медод. Дирўз ў сари ҳамин масъала бо Нўшервони Ҳалим баҳс кард, вале мусоҳибааш он қадар Гулободро баҳо дод, ки…
– Чӣ ҷойи шубҳа, ватан аз он ҷойе сар мешавад, ки хуни ноф рехтааст ва тифл қадамҳои аввалини хешро рўйи замини он гузошта, аз чашмасоронаш об нўшидаву ба табобати хеш аз гиёҳҳо ва набототаш истифода бурдааст.
– “Ватан он ҷост, ки зиндагӣ хуш гузарад,” - баҳри мардуми шарқ ҳеҷ гоҳ шиор набуд, нест ва намешавад.
Шарқиён дар ватандўстӣ беназиранд. Онҳо бо ҳама норасоиҳои рўзгор худро дар диёри хеш амир меҳисобанд.
Байти:
Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст, Амири беватан хору залил аст…
Ё худ:
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард, Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар, шояд аз ҳамин дилбастагии зиёди шарқиён нисбат ба ватану ватандорӣ чунин каломи Оламгир сарчашмаи муҳаббат Ватан гашта бошад. Ҳамид Ҷовид сари ҳамин фикру андешаҳо чӣ тавр пой бар остонаи милиса монданашро нафаҳмид.
Навбатдор, ки ба таври расмӣ нияти гузориш додан дошт, бо ишораи “лозим нест” муҳри хомўшӣ ба лаб зада, аз қафои сардор то утоқи кориаш рафт. Танҳо баъди ба курсӣ нишастан ў аз вазъи ноҳия пурсон шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ