Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хайр, акнун ҳама умедамон ба худат, Лайлиҷон.
“Аз ин қадар зорию илтиҷо кардана мемурӣ, ки маро бардошта, ба бистари хобат барӣ, вале аздусар дар ҳамон ҳолат ҳам баҳри пос доштани шаъну шарафи хеш дасту по хоҳам зад. Ҳамин аст сиришти зан, вале ту мардӣ - ку манқурти лаънатӣ, наход аз чунин лаҳзаи мунос пӯшӣ? - аз дил гузаронд ҷавонзан ва гуфт:
– Ҳар чӣ аз дастам биёяд.
Ҷавонзан чун фаҳмад, ки дигар истоданаш маъние надорад, аз ҷой бархест ва таъқид кард, ки Даврон ба ягон ҷо наравад.
– Фаҳмидам, Лайлиҷон. Ман ҳар лаҳза омадани худатро интизорам, кошки бе намоянда меомадӣ.
– Кўшиш мекунам, - гўён Лайлӣ дарро кушода, аз зинаҳо поён рафт.
Даврон боз байни он чор девори бетонӣ зору музтар монд. Ў дигар ба пушти тиреза ҳам нарафт. Акнун ҷони ў дар дасти Лайлӣ буд. Оҳ, чӣ хел дилам ўро мехоҳад ва агар рафту шабона биёяд.
“Аз дастат бало намеояду ҳавасат то ба куҷо!” - нидо омад аз қалбаш.
Даврон, мисли шахсе ки бо путк ба даҳонаш зада бошанд, хомўш шуд.
Лайлӣ лаҳзае пеши бино таваққуф намуд ва ба тарафи роҳи калон ҳаракат кард. Аслан корҳо дар айни вақт мувофиқи таъби ў буданд.
Дар рўйи роҳ ў таксиеро боздошт. Музаффари Сафар ва Абдурашиди Шариф ўро дунболагир шуданд…


Ҳамид Ҷовид ин субҳ пиёда ба кор омад. Дар роҳ гурӯҳгурӯҳ бачаҳову духтаракон азми мактабравӣ доштанд. Аслан чанд моҳи охир ў кўчаҳои Гулободро ин қадар зебо надида буд. Ба симои толибилмон нигариста, ояндаи миллатро пеши назар овард. Акнун ҳисси худшиносии миллӣ хеле баланд шуда буд. Дар мактабҳо таърихи пурраи миллат омўзонида мешуд. Гулободиҳо нисбат ба мардуми шаҳр тамаддуни шарқиёна доштанд ва ҳамин ҳолат тарзи зиндагӣ онҳоро на танҳо коста, балки дар қиёс бо мардуми шаҳрӣ зеботар мекард. Ба меҳнатдўстии ин мардум аҳсан нагуфтан беинсофӣ буд, чунки ба ҳама сахтии табиат нигоҳ накарда, мардуми маҳал ба оянда бо назари нек менигаристанд.

пешина
аз 513
навбатӣ