Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Занги дар бори сеюм садо дод ва Даврон пушти дар рафта, аз чашмаки дар майдончаи ошёнаи сеюмро аз назар гузаронида, овоз рӯшан карда пурсид, ки “шумо кистеду матлабатон чист?”
– Ман аз хоҷагии коммуналии шаҳр. Идораи мо мақсади иваз кардани қубурҳои обро дорад ва мо ин ҷо имзо ҷамъ мекунем, – овоз дод ҷавони дар пуштидарбуда.
– Барои ман фарқаш нест, ки идораи шумо чӣ мақсад дорад. Ҳоло ҳама қаллоб шудагӣ моро ба ҳоли худ гузор…
– Нахоҳед, ихтиёратон, - гўён ҷавони дар майдончабуда занги дари рў ба рўйро пахш кард ва ҷавонзане берун омад.
Ҷавон боз ҳамон сухани хеш такрор кард ва ҷавонзан ба ҳуҷҷатҳои дар дасташ буда имзо гузошт. Ҳамаи ин ҳолатро Даврон аз чашмаки дар назорат кард ва вақте ки корманди идораи коммуналӣ ба ошёнаи чорум баромад, ў аз паси дар дур шуд.
– Кӣ будааст?
– Корманди хоҷагии коммуналии шаҳр барои иваз кардани қубурҳои обгузар имзо ҷамъ мекардааст.
– Ба ҳуҷҷатҳояш имзо гузоштӣ?
– Ҳаминаш намерасид. Лекин ўро ба ҷояш шинондам.
– Аз пушти дар, - хандида гуфт духтар.
– Аз пушти дар, вале суханам нишонрас буд.
– Чун тири фалахмон.
– Не, чун тири автомати овардаи худат.
– Беҳтар мешуд, ки ту дар бораи он автомат фаромўш мекардӣ.
– Бубахш.
– Хайр, ман хестам.
– Не, ман шуморо рафтан намемонам. То як пиёла чойи маро нагиред!
– Ягон рўз дар хонаатон, ки меҳмон шудам, зиёфататонро ҳам нўши ҷон мекунам. Рафту шеф маро пурсад, хуб намешавад.
– Он масъаларо чӣ кунем?
– Барои ҳамин рафтанам лозим. Канӣ бубинам, ки шеф хабарро чӣ тавр қабул мекунад.
– Шояд омадани намояндаашро аз марз интизор шавем?
– Дар он сурат тавбаи мо пазируфта нахоҳад шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ