Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Аҷаб дунёе, бубин ба рағми марг зиндагӣ офаридаю ба рағми мардуми тарсу далеронро ва ба рағми дурўяҳо ростгоронро ва аҷиб, ки ба рағми манқуртсифатон чӣ офарида бошад?” - аз дил гузаронд ҷавонзан ва гуфт:
– О бас аст, дигар дар дастархон ҷой намонд.
– Ҳеҷ гап не, Лайлиҷон! Шумо ҳар рўз меҳмони мо нестед
- ку ва намедонам дар ин субҳи содиқ хору хасро кӣ аз роҳатон гирифту майли ин манзил намудед.
– Агар росташро гўям - тарс. Мефаҳмӣ, ман аз тарси ҷони хеш ба ин ҷо омадам ва гумон доштам, ки ту кафолати бе бор омадани Солеҳ Ҷалилро медиҳӣ, вале мебинам, ки хато кардам. Акнун андешаи он дорам, ки чӣ тавр ин хабари шумро ба гўши шеф расонам.
– Мегўянд, ки аз сухани нек мор аз лонааш берун мешавад. Хайр, худат ягон илоҷашро ёб. Аз ду сар шеф бояд худатро гўш кунад.
“Мемурӣ, ки аз ин қадар шеф, шеф гуфтана маро ба оғўш гирӣ ва ҳам хумори ман шиканаю ҳам хумори худ,” – аз дил гузаронд “Гурдофарид” ва гуфт:
– Чаро ин субҳ калимаи мор ба забон овардед?
– Дар омади гап гуфтам, ё хато кардам?
– Хато - ку не, вале мардум бар он ақидаанд, ки касе дар мавзуи мор суҳбат мекунад, худ мавриди ғайбати дигарон қарор дорад.
– Пас ҳоло моро касе ғайбат намуда истодааст?
– Ба фикрам, ҳамин хел аст.
Дар ҳамин вақт занги дар садо доду ҳарду лаҳзае хомўш шуданд. Занги дар боз садо дод…
– Ягон кас аз қафоят наомада буд? - пурсид Даврон.
– Не, чӣ буд?
– Аҷиб, ки нуҳ шабонарўзӣ дар ин ҷо буданам бори аввал садои занги дарро мешунавам. Хайр, ман як рафта бинам, ки кист.
– Не, беҳтараш ман худам, - гўён “Гурдофарид” ба паси дар рафта, аз чашмаки дар ба берун нигариста пас гашт.
– Як ҷавоне папкаю қалам дар даст пушти дар истодааст.
Ман ўро нашинохтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо