Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Оҳ, кошки намехестию ман туро дар ҳамон аҳволи он рӯз ин субҳ медидам. Ба ҷонам қасам, ки агар ҳозир ту ҳамон аҳвол медидам, қасди хеш аз ту меситондам,” - аз дил гузаронд духтар ва гуфт:
– Барвақт хестию қариб хонаро оташ задӣ.
– Чӣ кунам, аҳволи муҷаррад ҳамин, - гуфт Даврон ва аз дил гузаронд, ки агар ҷавонзан соате пештар меомад, ба доду вояш аҳмият надода ўро ба оғўш мегирифт.
– Насиб бошад ягон рўз худат ҳам соҳиби зани соҳибҷамоле мешавӣ.
– Агар шеф сояи маро аз девор натарошад.
– Хуш, ягон навигарӣ ҳаст?
– Шумо чӣ гумон доред, Лайлихонум.
– Ман шахсан Худо мегўям, ки набошад...
– Шеф чӣ мегўяд, шеф?
– То ҳанўз намояндааш аз марз барнагаштааст.
– Чӣ хел барнагаштааст?
– Аз куҷо донам. Хайр гап зан, ки Солеҳ Ҷалил бе дастовез омада буд.
…
– Чаро хомўшӣ ё мехоҳӣ, ки…
– Хуб аст ё бад, вале ман он борро ёфтам. Акнун ҷони ман ҳам дар дасти худат, Лайлиҷон.
– Ман намедонам, чӣ тавр ин хабарро ба гўши шеф расонам.
– Хайр, наход ягон илоҷаш набошад.
– Намедонам. Бубин, ту чӣ кор кардӣ. Агар ҳамон вақт ҳама корро аниқ мекардӣ, имрўз дар гирдоб намемондем.
– Ҳоло ки вай намояндаи шеф аз марз барнагаштааст, ягон илоҷашро ёб.
– Кўшиш мекунам, вале ваъда намедиҳам, ки хабар натиҷаи нек медиҳад.
– Ҳамааш ба худат вобаста, - гўён Даврон ба нею нестони Лайлӣ нигоҳ накарда дастурхон орост.
– Ман сари қадам ба мағозаи хӯрокворӣ даромадам, хостам бароят панири ҳолландӣ биёрам, вале набудааст.
– Парво накун, дар ин ҷо ҳама чиз ҳаст. Ман ҳанўз чашми рўз накафида, дар фикри ором кардани нафс шудам ва ҳама чизро дарёфт карда омадам, - гуён Даврон рўйи дастурхонро аз анвои гуногун пур кард.

пешина
аз 513
навбатӣ