Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Беҳтараш ман равам. Ба ҳар ҳол ў аз ман шубҳа нахоҳад кард.
–Чӣ гуфта меравӣ?
– Назоратчии газ.
– Рафту аз худат ҳуҷҷат талаб намояд чӣ?
– Ҳуҷҷат талаб намекунад. Ман борҳо ин ҳодисаро бо чашми хеш дидаам.
– Рафту…
– Мо бояд таваккал намоем. Аз таваккал дида ба ақидаи Олег Ефремович дар милиса кори беҳтаре нест.
– Таваккал ҳам ҷо доштагист ва аз таваккали кӯр - кӯрона мо на танҳо бурд, балки бой медиҳем.
– Хайр бифармоед, чӣ баҳона пеш орам?
– Гўй, ки аз хоҷагии коммуналӣ ҳастед. Гап зан, ки хоҷагии коммуналӣ ба идораи шаҳрдорӣ баҳри иваз намудани қубурҳои обгузар мактуб фиристоданист ва мо имзои сокинони маҳалҳоро ҷамъ оварданием.
– Хуб шудааст, – гўён таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф ҷузвдони чарминро ба даст гирифта, аз мошин берун шуд…
Чун он писарбача ба ошёнаи боло рафт, Лайлӣ дарро кушода вориди хона шуду ҳамоно бўйи равған ба димоғаш зад. Духтар фаҳмид, ки Даврон дар ошхона ҷунбуҷӯл дорад ва аз паси дар гулў рӯшан кард.
– Марҳамат гузаред, ман ҳозир, - гўён Даврон аз ошхона овоз дод ва духтар дилу бедилон туфлиҳояшро бо шиппакҳои1 моҳутдор иваз намуда, ба тарафи овоз ҳаракат кард.
– Бубахшед, ки ба пешвозатон набаромадам, қариб равған дар гирифта буд, - дастҳояшро шуста истода гуфт Даврон.
– Ин субҳ барвақт хестед - ку.
– Шикамам аз гуруснагӣ танбӯр навохт. Бовар намо, Лайлихонум, ду рўзи расо қариб, ки луқмае ба даҳон набурдам. Дишаб хеле дер омадам ва чунон монда шуда будам, ки… Рост гуфтаанд, ки моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не. Маҳз барои ҳамин барвақттар аз хоб хестам.
1 Шиппак – кафш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо