Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў бисёр мехост, ки бо баҳонае рафта ангушт ба он дар бизанаду бифаҳмад, ки Хоҷаева танҳост ва ё бо касе сари суҳбат нишаста. Ба чунин амал даст задан душворие ҳам надошт. Охир дар ҳамин шабу рўз чӣ кам-баҳона. Ҳаррўза намояндагони идораи барқу газ ва хоҷагии коммуналӣ мардумро ба ҷон овардаанд. Акнун ў ҳам яке аз кормандони ҳамин идора мешавад. Дар интиҳо ў аз фикраш гашт, чунки сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ подполковник Ковалчук пеш аз оғози амалиёт онҳоро ҳушдор сохта буд, ки аз доираи назорати оперативӣ берун набароянд. Ў рўзномаи дар дасташ бударо кушода, ба қироат пардохт. Бо ҳамин васила таҷрибаомўз худро аз чашми тези чанд тан роҳгузар, ки бо таваҷҷуҳ майли ба сўяш нигаристан доштанд, пинҳон кард. Ў низ дар навбати хеш гоҳ аз паҳлу ва гоҳ аз болои рўзнома бозии бачаҳоро дар зери дарахти себи хушк, ки касе майли буридани онро надошт, тамошо кард. Дар ҳамин муддат аз баромадгоҳи якуми хонаи чорошёна ду писарбача берун омаданд ва боз кампире аробача дар даст вориди бино шуд.
Ниҳоят ў дар тарафи муқобил мошини Музаффарро дид ва оҳиста - оҳиста ба ҳамон самт ҳаракат карда, дар як мижа задан худро дохили он гирифт.
– Ягон дигаргуниеро мушоҳида кардӣ ё не, - пурсид ронанда, ки чашм аз дари баромадгоҳи якум намеканд.
– Не.
– Ягон кас ҳам аз хона набаромад?
– Ду писарбачаи тахминан сенздаҳ - чордаҳсола аз бино берун баромаданду пиразане бо аробача вориди бино шуд. Оё шумо ба Олег Ефремович занг задед?
– Занг задам, вале касе гўшакро набардошт. Сипас ба навбатдор занг задам, ӯ гуфт, ки подполковник Ковалчук ҳамроҳи Шарифзода ба куҷое рафтанд.
– Пас чӣ бояд кард?
– Мо бояд аз рўи вазъи ба амал омада назоратро давом диҳем. Пеш аз ҳама, бояд муайян созем, ки дар он хона ба ҷуз Хоҷаева боз кист?
– Ба фикри шумо ягон кас дар он хона ҳаст?
– Намедонам, вале аз санҷиш мо чизеро бой нахоҳем дод.
– Шояд ман равам?
– Не, беҳтараш ман худам.

пешина
аз 513
навбатӣ