Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Биё мон, ин гапҳоро, наход одам бе асос чунин пероҳан пўшад?
– Ман асоси пўшидани онро дорам.
– Чӣ хел асос? Ту чиҳо гуфта истодаӣ, Лайлӣ!
– Гуфтам - ку, чун пўшидани пероҳани сафед дар насибам набудааст, сиёҳашро пўшидам.
– О, мардум бинанд, чӣ мегўянд?
– Маро ба мардум коре нест ва агар чунин фикр ба сарат меомад, кайҳо ба ман издивоҷи расмӣ менамудӣ ва ҳаваси подомани духтарони дигарро аз сар дур мекардӣ…
– Биё мон, ин гапҳоро. О, худат мефаҳмӣ, ки ман мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор дорам ва наметавонам туро бо ин ҳама ҷову ҷалолат ба вартаи оташ партоям.
– Чӣ хел мавриди ҷустуҷў қарор дорӣ, ки ҳеҷ не милиса туро дастгир намояд?
– Ту ҳаминро мехоҳӣ?
– Чӣ гўям?
– Росташро.
– «Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро».
– Акнун рав ин пероҳанро кашида дигарашро пӯш!
– Не, дар шаб ҳар замон тағйири либос кардан шарт нест, беҳтараш вақти хоб ман онро мекашам, - гўён Лайлӣ Солеҳ Ҷалилро ба ошхона бурд.
Онҳо дар сари дастурхон хеле суҳбат намуданд ва аз чӣ бошад, ки Солеҳ Ҷалил фикри дар сараш омадаро гуфт. Ба фикрам, бо чунин пероҳан ба амалиёт баромадан айни муддаост.
– Чӣ хел? - мақсади ўро дар аввал сарфаҳм нарафта пурсид Лайлӣ.
– Умуман, мардуми мо сиёҳпӯширо хуш надоранд ва чун сиёҳпӯшеро бубинанд, ўро фалокатзада мепиндоранд. Фарз кардем, бо чунин либос ту сари чанбараки “Мерседес” ба роҳ баромадӣ. Дар дохили мошин маводи мухаддир ва агар корманди БДА ҳам манъат намояд. мегўйӣ, ки ба ҷаноза рафта истодаам. Бовар намо, ў на ин ки мошин, балки ҳуҷҷатҳоро ҳам насанҷида, аз рўйи ҳамдардӣ туро сар медиҳад. “Чиз сад рӯз дар бор, як рӯз - гумон мекунам ин пероҳани харидаат ҳам дар зиндагӣ рўзе ёрирасонат хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо