Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Гурезов боз чизе пурсидан мехост, вале касе ба дар ангушт зад ва дар кушода шуду ҷавонмарди бисту панҷ – бисту шашсолае рухсат пурсида, вориди утоқи корӣ гардид.
– Марҳамат гузашта шинед, – курсиеро нишон дода гуфт соҳиби утоқ.
–Ташаккур. Ман Раҳимов Самандар ҳастам, - даъватномаро ба дасти соҳиби утоқ дода, ба курсӣ нишаста гуфт ҷавонмард.
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, дар утоқи кории сардори ШКД - и ноҳияи Гулобод Ҳамид Ҷовид чароғ фурўзон буд. Сари мизи корӣ гурўҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз рўи парвандаи оғознамудаи муфаттиши прокуратура Самадов, ки дар як вақт иҷрочии вазифаи прокурор низ ҳисоб мешуд, майна об мекарданд. Самадов ҳодисаи дар мавзеи Хушкакдара рухдодаро дар чаҳорчўбаи қонун аз рўи аломати моддаҳои 104 қисми 1 ва 195 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ришта кашида буд. Умуман, рафти тафтишот квалификатсияи ҷиноятро аз рўи моддаи 104 метавонист вазнинтар намояд, вале модаи 195 қисми 1 ба гумон буд, ки мавқеи хеш аз даст диҳад. Тайи зиёда аз як шабонарўз баъди ҳодиса тафтишот ягон гиреҳе дар даст надошт. Ҳарчанд ба ин кор тамоми аппарати ёрирасон ва чашму гўши милитса сафарбар шуда бошад ҳам, пешравие дар кор дида намешуд.
Болои сӯхта намакоб, натиҷаи ташхиси баластикӣ ва дактилоскопӣ ҳам маълум набуд. Аз ЭКО ба воситаи телефон хабар доданд, ки новобаста аз ҳама талошу кўшишҳо дар ин кор боз ду - се рўз сарф мешавад.
– Ба кадом тарафе нанигарӣ, танҳо шикаст мебинию бас.
Натиҷаи кор ҳеҷ не ки амалӣ шавад, – гуфт Ҳамид Ҷовид ва бархеста, тирезаро кушоду тамоку даргиронд. Ў сари андешаҳои хеш буд. Фаҳмидан мехост, ки чӣ тавр марди ношинос дар мавзеи Хушкакдара пайдо шудааст ва чӣ сабаб шудасту ў бо зиндагӣ падруд гуфтаст. Аз он ки синаи ў бо тири автомати Калашников шикофтанд, маълум ки рақиби бузурге қасди ҷонаш намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё