Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳамон вақт Сулаймонов ба ў “бачаи боба” гўён муроҷиат мекард…
– Ба фикри шумо, қотилу мақтул шинос буданд?
– Намедонам, вале марому мақсади ҳарду як будагист, Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад, гуфтагӣ барин онҳо низ Хушкакдараро ҷойи вохўрии хеш интихоб намудаанд.
– Рафту ҳамин хел ногаҳон рў ба рў омада бошанд – чӣ?
– Ногаҳон дар нисфи шаб рў ба рў омаданду яке дигареро паронд.
– Шояд хаёли гург ё хирс намуда, қулангро зер намудааст.
– Ҳамин тарафи масъала ҳеҷ ба мантиқ рост намеояд ва агар фикри шумо ҳам дуруст бошад, аз рўйи натиҷааш мо бояд онро ҷустуҷў намоем. Охир дар фироқи қаҳрамони мо ду моддаи калони Кодекси ҷиноятӣ обу адо шуда гаштанд.
– Дар айни ҳол мо ба чӣ умед баста метавонем?
– Ба гумон аст, ки дар ду – се рўзи наздик шахсияти мақтулро муайян намоем. Лек ин ҳанўз маънои умедро аз натиҷаи кор кандан нест. Рафту бахтамон хандад, соате пас, ё то бегоҳ, шахсе ба милитса занг зада мегўяд, ки мақтулро мешиносад. Ё ягон нафар дар бораи гум шудани ў ба ягон ШКД ариза менависад. Дар он сурат дар ҳисоботи шабонарўзӣ онро ба вазорат медиҳанд. Аз вазорат ҳатман ба мо хабар медиҳанд, чунки ҳамаи ҷиноятҳо дар назорати махсуси худи вазиранд, вале агар кор чунин шавад, моро боз то субҳи фардо интизор шудан лозим меояд. Мо аслан аз тарафи дигар ҳам барои шахсияти мақтулро муайян намудан наздик шуда метавонем.
– Чӣ хел?
– Агар ташхиси баластикӣ ва дактилоскопӣ натиҷае диҳанд.
– Шумо ба ин боварӣ доред?
– Гуфтам - ку, агар, маҳз мо ба ҳамин агар умед мебандем ва чӣ хеле медонед, агар ин анҷоми кор нест. Дар асл ҳар кор шуданаш мумкин. Шахсе, ки ғайриқонунӣ силоҳ ба даст меорад, ҳеҷ гоҳ дилу нияташ пок нест. Ў низ чун ихтироъкор аст. Ҳамеша дар такопӯст ва модоме ки ба чунин ҷинояти вазнин даст задаст, аҷаб нест, ки пеш аз ин ҷинояте содир накарда бошад. Рафту ҳамин тарафи масъала ҳалли худро ёбад ва нақши гилзаи аз ҷойи ҳодиса ёфтшуда дар бойгонии ЭКО бошад, доираи ҷустуҷўйҳои мо маҳдудтар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё