Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ба замми ин масофаи зиёда аз панҷоҳ километр дар ҳамин самт аз зери назорат дур мондааст. Шахсе ки ба қочоқи маводи мухаддир даст мезанад, он қадар гӯлу гаранг ҳам нест, ки бо роҳи калон аз зери бунгоҳҳои Бозрасии далватии автомобилӣ, аз зери бинии милиса гузарад. Мақоли халқӣ «Ба роҳи рост рав, агарчи дур аст, зани мардум нагир, агарчи ҳур аст» ҳеҷ гоҳ писанди вайронкунандаи қонун набуд ва намешавад. Агар шахсе, ки тайёр аст бо он маводи мухаддир хуни садҳо, балки ҳазорон бирезад, роҳи рост меписандид, ҳаргиз ба чунин коре ки ислом манъ намудааст, даст намезад. Ва шахсе, ки дар мавзеи Хушкакдара ҷони хеш аз даст додаст, шояд баҳри дигарон марг мебурд, марги сафед. Кўза на ҳамеша аз лаби чашма беосеб мегардад, баҳри дигарон марг бурд ва оқибат худ ба дом зад. Шояд ҳамаи ин аз сарнавишт будагист, вале ҳар чиро аввалу анҷомест…
– Чоҳкан зери чоҳ, – фикрҳои баённамудаи капитани милисаро тақвият дода гуфт лейтенант Гурезов.
– Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин хел нашуда бошад.
– Ба фикри шумо қотил автоматро аз куҷо ёфтааст?
– Замоне автомат бозичаи дасти ҳар кӯру кар шуда буд ва кам нестанд нафароне, ки фикри об дар хушкӣ мекунанд, шояд қаҳрамони мо низ аз чунин ашхос бошад, илми ғайбро кӣ медонад?
– Илми ғайб куҷо? Қаҳрамони мо кам не, ғам не, автомати қутраш 5,45 мм доштааст ва то ҷойе, ки мо мардуми таҳҷоӣ медонем, ҳамаи яроқҳои аз соҳили чап ба соҳили рост гузашта силоҳҳои аз истифодабаромадаи 7,62 мм буданд.
– Ин ҳамту, дар мадди аввал, дар асл бошад…
– Фаҳмидам.
– Ана, ҳамин хел бачаи боба.
– Бо лаҳҷаи мо гап задед–ку?
– Маро ҳам баъзан ёру дўстон дар шаҳр ҳамин хел ном мегиранд.
Сорбони Ҳомид аз чӣ бошад, ки бачаи боба гуфтани Соиб Сулаймоновичро ба ёд овард. Ҳангоми аз бинои нуҳошёна ба поён рафтани корманди институти физика онҳо ҳамроҳи Соиб Сулаймонович ва Ҷаббор Исломович аз рўи парвандаи мазкур тафтишот бурда буданд ва оқибат қилро аз хамир ҷудо карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё