Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Баъди ним соат тайёр мешаванд. Гўед, ки аввал ба прокуратура равам ё расмҳоро биёрам?
– Прокуратура гурехта намеравад…
– Ҳамаашро фаҳмидам, рафиқ капитан, рухсат диҳед аз паи кор шавам…
Расо баъди ним соат Баҳриев расмҳои мақтулро, ки зиёда аз панҷоҳ дона буд, оварда ба дасти Сорбони Ҳомид дода-худ аз пайи иҷрои супориши ним соат пештар гирифтааш ба прокуратура рафт…
– Расмҳоро бо хабарномаҳо якҷоя намуда, ба котибот супоред, - амр намуд Сорбони Ҳомид ва то аз котибот баргаштани Гурезов худ ба таҳлили ҳодисаи рухдода гузашт.
Сорбони Ҳомид аз рўйи одат варақи сафедро наздаш гузошта, қаламро ба даст гирифт ва болои варақ чанд доирачае кашида, ба андеша рафт. Ў сари ҳодисаи рухдода хеле андеша намуд ва ниҳоят дар дохили доирачаи миёна, ки аз ҳама калонтар буд, чунин навишт: “куштор аз рўи қасд” ва оҳиста – оҳиста дар дохили доирачаҳои дигар низ навиштаҷоте аз қабили “куштор ба мақсади ба даст овардани моликияти мақтул,” “куштор барои халос шудан аз қарз,” “куштор ба мақсади аз байн бурдани изи ҷиноят,” “куштор ҳангоми додугирифти маводи нашъаовар ё худ қочоқчигӣ” пайдо шуд. Сипас, ў сари ҳамаи назарияҳои дар дохили доирачаҳо буда бо лейтенанти милитса мубодилаи афкор кард. Дар натиҷаи баҳси тулонӣ бо назардошти он ки ҷиноят дар кўҳдоман рух додааст, тарафҳо назарияи охирин “куштор ҳангоми додугирифти маводи нашъадор” - ро ҳамчун назарияи асосӣ ба нақшаи корӣ дохил намуданд. Боқимонда ҳамаи назарияҳо чун назарияи иловагӣ ба нақшаи корӣ ҳамроҳ карда шуд…
Ҳарчанд Сорбони Ҳомид аз наздик ба мавзеи аслии минтақаи Гулобод шинос набуд, вале дирўз баъди бозгашт аз ҷойи ҳодиса дар харитаи маҳал, ки дар қисми навбатдорӣ овехта шуда буд, шинос шуд ва фаҳмид, ки маҳз мавзеи Хушкакдара пайроҳаҳое дорад, ки то ба худи сарҳад меравад.
Аз рўйи нақли мардуми таҳҷойӣ ў ҳамин қадарро фаҳмид, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гурўҳҳои мухолифин бо ҳамин роҳ яроқу аслиҳа меоварданд. Модоме ки яроқу аслиҳаро бурда мешудааст, пас бурдани доруе, ки акнун бо номи “марги сафед” ёдрас мешавад, чӣ душворӣ дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё