Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Рахш савори болояшро, ки чун худи ў дар байни орзую ҳавасҳо шино дошт, боэҳтиёт пеш мебурд…
Субҳи рўзи 24 август Сорбони Ҳомидро бо мазмуни телефонограммаи аз вазорат омада шинос намуданд. Акнун ўро лозим буд, ки бозгашти хешро ба хона дар муддати даҳ рўзи дигар ба гўшаи фаромушӣ диҳад. “Ҳамид Ҷовид дар ҳақиқат ба аҳдаш вафо кард,”- аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид ва ба утоқи кории лейтенанти милитса Гурезов даромад. Гурезов ҳамагӣ ду моҳ пеш аз курсии донишҷўи ба ин вазифа таъин шуда омада буд, аз кадом нӯги гиреҳ доштанашро намедонист ва ў, ки аллакай аз мазмуни телефонограмма огоҳ буд, баробари вориди утоқи кориаш гаштани Сорбони Ҳомид аз ҷой бархест ва капитанро барои нишастан ба ҷойи хеш таклиф кард, вале Сорбони Ҳомид ба курсии рў ба рў нишаста, аз натиҷаи кор пурсон шуд.
– Хабарномаҳоро тайёр намудам, чун Баҳриев расмҳоро биёрад онҳоро мефиристам.
– Натиҷаи ташхиси баластикӣ наомад?
– Дирўз имконияти ба ташхисгоҳ фиристодани қарори муфаттиш нашуд, худи ҳозир Самадов занг зада, аз ман хоҳиш кард, ки рафта қарорро гирифта ба ЭКО1 фиристам.
– Самадов хоҳиш кард, Самадов хоҳиш кард, – норозигӣ баён кард Сорбони Ҳомид ва илова намуд, ки ин корро ба зиммаи Баҳриев гузоштан беҳтар ва дар телефон чанд рақамро чида, мусоҳиби дар он тарафи сим будаашро ба вохўрӣ таклиф намуд.
– Лейтенанти калони милиса Баҳриев бо амри шумо ҳозир шуд! - гўён ташхисгар - криминалист баробари вориди утоқи кории Гурезов шудан ба таври низомӣ ба Сорбони Ҳомид гузориш дод.
– Аз шумо хоҳиш, рафиқ лейтенанти калон, ки ба прокуратура назди Самадов рафта, ҳуҷҷатҳоро барои ташхиси баластикӣ ба ЭКО фиристонед. Кўшиш намоед ҳарчи тезтар натиҷаи ташхисро фиристад. Ҳа, воқеъан, расмҳо тайёр шуданд?
1 ЭКО – шуъбаи ташхиси криминалистӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё