Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

расонад. Дар он лаҳзаҳо ў он қадар тозиёна мехўрад бешумор…
Ин чӣ корест ў намефаҳмад, вале ба ҳурмати намаки соҳибаш маҷбур аст, то ҷон дар рамақ дорад, ҳаракат кунад.
Рахш ба ёд овард, ки чӣ тавр болои зорони Сармобарак аз қафои модар хез мезад. Ў он замон ҳамҷинсони хешро дар итоати одамӣ дида, дилаш реш - реш мешуд, бехабар аз он ки ҳамаи ин косаи давр аст. Чун давру замонаш омад, он бори вазнини зиндагӣ ба душаш афтид.
Ҳамаи ин даву тозҳои ў дар нисбати талошҳои одам ба зиндагӣ ҳеҷанд. Бубин одамӣ ҳамеша дар такопўст, ҳар қадар доро шавад. боз чашмаш гурусна. Соли гузашта соҳибаш боз ду аспи дигар овард ва тамоми зимистон парвою парвариш кард, ба кадом мақсад, ў ҳеҷ нафаҳмид ва баҳорон онҳоро ба гала сар дод. Дигар онҳо дар куҷоянд, ў намедонад. Аслан ҳамҷинсони ў ҳам мисли худаш шикастанафсанд ва шояд ҳаминаш беҳтар аст…
Аз он чи ки тамоми мавҷудоти зиндаро одамӣ мутеи худ гардондааст, мартабаи инсонро назди Офаридгор баланд дид ва ў низ ба хизмати инсон на аз рўи ҳавою ҳавас, балки бо амри илоҳӣ омада буд…
Ҳамаи ин давутозҳо ва хизмат ба инсон зарраи ночизе буд дар қиёс аз фироқи Гулчини зебо, вале замин сахт буду осмон баланд ва ў дарди хеш гуфта наметавонист, баҳри одамӣ бошад, муҳаббати ў фарқе надошт. Одамӣ фақат дар фикри хешу муҳаббати хеш аст…
Савор кайҳо тозиёнаро ба гўшаи фаромўшӣ дода буд. Ў сари каломоти овардаи Шодии Лоиқ андеша намуд. Ҳарчанд ҳанўз аз таҷрибаи рўзгор баҳрае набардошта буд, вале дар зиндагӣ бисёр ҳолатҳоеро дидаву шунида буд. Он чи ки зан дар ҳақиқат муҳтоҷи шавҳар аст, ў баҳс карданӣ ҳам набуд, чунки ин талаботи биологии тамоми махлуқоти зинда аст, вале на ҳар зан шоистаи номи хеш аст ва оне ки шарму ҳаёро пеши по мезанад, садқаи номи зан модар шавад, садқаи шавҳар шавад. Алҳазар, аз чунин занҳо, алҳазар!
Беҳтарин ганҷе, ки Самандар тайи солҳои охир ёфт, ин туғёни муҳаббаташ ба Ширин буд ва ў зери лаб дуо кард, ки Офаридгор киштии муҳаббати ў ва Ширинро то соҳили мурод бирасонад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё