Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Акнун Ширин номзади қонунии ўст, вале баъди фотеҳа дигар ба лаби чашма ҳам намеояд.
Эй Ширин, Ширин…
Дар замоне, ки савор байни андешаҳои хеш қариб ғанаб мерафт, Рахш низ баҳри кӯтоҳ кардани роҳ гузаштаи хеш ба ёд овард…
Баҳори соли гузашта соҳибаш ўро ба гала ҳамроҳ кард. Ў дар Сармобарак баҳри ба даст овардани Гулчин1 бо аспҳои дигар чӣ қадар кашмокаш кард, саропо хуншор шуд, вале қафо нагашт… Ишқи Гулчини зебо ўро аз ҳама балою офатҳо эмин дошт ва то вақти хазонрез ў паҳлуи Гулчини зебо буд.
Баробари ба замин расидани аввалин донаҳои барф соҳибаш ба он мавзеъ омад ва баъди талошҳои зиёде ресмони ҳалқадореро ба гарданаш партофт. Рахш дар он лаҳзаҳо девонавор худро ба ҳар тараф мезад, вале соҳибаш ҳам, ки савори саманди дигаре буд, марди аноӣ набуд ва чӣ кор карданашро медонист. Аз бардорузанҳои беҳуда ресмон гарданашро мефишурд ва нафаскашияш душвор мешуд.
Ниҳоят ба тақдир тан дод Рахш ва соҳибаш ўро ба хона овард. Дар он шабу рўз Рахш харобу лоғар шуда буд ва соҳибаш ўро то худи зимистон парвою парвариш кард. Дар умри даҳсолаи хеш ў ҳеҷ марому мақсади одамӣ нафаҳмид.
Тамоми фасли тобистон ў дар ихтиёри хеш, тирамоҳ ў қариб, ки болонишин, чунон бо ў муносибат мекунанд, ки ҳавасаш меояд ва чун фасли сармо дарасид ҳама ҷомаи хеш чапа мепушанд…
Ҳар зимистон ўро ба майдони бузкашӣ мебаранд. Не, ў дар он майдон болонишин нест. Дар хизмати одамист. Чун ба ҷойи бузкашӣ бирасад, чун худ ҳамҷинсони бисёрашро мебинад, ки савори болояшон майли аз замин бардоштани бузи сарбуридаеро мекунанд. Ҳар кӣ мехоҳад аспаш номдор шавад, ва ном баҳри ҳеҷ кас ба осонӣ ба даст намеояд. Дар майдони бузкашӣ, ў на танҳо номи хеш, балки бештар обрӯӣи соҳибашро бояд ҳифз намояд ва он бузи сарбуридаро бо савори болояш аз байни садҳо асп, ки ҳар кадоме чун обу оташ монеаи сари роҳаш мешаванд, гузаронида, ба марра
1 Гулчин – номи байтал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё