Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Аз бад бадтараш ин ки қотил бо автомат муҷҷаҳаз аст ва имкони пурра дорад, ки аз он истифода барад. Сипас, ў тамокуи сухтаро ба берун партофта, боз сари мизи кориаш омад ва андешаҳои хешро баён кард.
Аз ҳамкорон маслиҳат пурсид, чун мефаҳмид ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд. Ба ў ва аҳли толор назарияи пешниҳоднамудаи Сорбони Ҳомид писанд омад. Ў назарияи капитани милисаро “куштор ҳангоми додугирифти маводи нашъадор” ҳамчун назарияи асосӣ қабул кард.
Дар атрофи назарияи мазкур ҳозирин андешаҳои хешро баён намуданд. Нисфи шаб дар мавзеи Хушкакдара пайдо шудани ду шахс, ки яке қасди ҷони дигаре намуда буд, худ далели нопокии кирдори тарафайн буд.Ба ҷуз онҳое, ки дилу нияташон бад аст, ки шабонгоҳ ба тамошои чунин мавзеъ мебарояд. Аз эҳтимол дур нест, ки қотил дар ҳамин мавзеъ омадани сайдро интизор нашуда бошад. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ташхисгари тиббӣ - судӣ Мавлонов иброз намуд, ки мақтул тайи ду - се рўзи охир ришашро натарошида будааст. Дар мадди аввал ҳарчанд натарошидани риш як ҳодисаи маъмул дар байни баъзе мардон бошад ҳам, вале рафти воқеаҳои рўйдода моро водор месозад, ки маҳз ба ҳамин ҳодиса аз дигар кунҷ назар афканем. Банда дар ҳамин ақидаам, ки умуман мақтул тайи ду – се шабонарўзи охири ҳаёташ имконияти риштарошӣ ҳам надоштааст. Муддати чанд рўзи дар Гулобод будан ман бо одамони касбу кори гуногун суҳбат доштам ва ба хулосае омадам, ки барои қочоқчигӣ дар ин ҷо ягон намуди ашёи дигар, ки дар бозори сиёҳ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, нест.
Модоме ки чунин аст, пас чӣ ҳоҷат ба вохўриҳои пинҳонӣ?
Имрўз ману лейтанант Гурезов бо чўпон Самандари Раҳим суҳбате доштем ва ў низ қайд кард, ки садои тирро дар соати дуву бисту панҷ дақиқа шунидааст. Фаҳмидан лозим, ки чаро қотил нияти нопоки хешро дар дигар вақту дигар ҷой амалӣ нанамудааст, ҳарчанд барои иҷрои чунин ният ҳамеша имконият меёбад. Чун пайроҳаҳои аз соҳили Ому ба тарафи Хушкакдара меомада тайи чандин солҳо баҳри бархе аз ҳамватанони мо роҳи ҳаёт буд, қаҳрамонҳои мо низ аз мавҷудияти чунин роҳи беназорат хабар доштанд ва онро ба мақсадҳои нопоки хеш истифода бурданӣ шуданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё