Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Лайлиҷонро бубинед!
– Дар куҷо? - ҳушёр шуда пурсид Музаффари Сафар.
– Ана, дар пеши дари баромадгоҳ.
Музаффари Сафар чашмонашро каме молиш дода, ба тарафи муқобили роҳ нигарист, чун духтарро пеши дари баромадгоҳ рост дид пурсид, ки чаро ў майли ҳаракат надорад.
– Лайлиҷон аз штандартен фюрер Штирлитс1 дар эҳтиёткорӣ камӣ надорад.
– Бовар намекунам.
– Ихтиёратон, - гуфт таҷрибаомўз ва дар ҳамин вақт духтар яку якбора чанд қадам монда, аз паҳлуи хона тоб хўрд.
– Ба тарафи муқобили роҳ гузаред, гуфт таҷрибаомўз ва аз мошин фаромада ба ҳамон самти ҳаракати ҷавонзан давид.
Музаффари Сафар мошинро ба ҳаракат дароварда, баъди се - чор дақиқа таҷрибаомўзро, ки дар кўчаи муқобил майли нигоҳ доштани нақлиёти дигарро дошт, ба мошин шинонд.
– Илтимос, тезтар аз қафои мошини «Волга» - и ранги зард, рақами давлатиаш 57-96 шавед, гуфт таҷрибаомўз.
Музаффари Сафар мошини «Жигули» - ро бо як маҳорати хос ба ҳаракат даровард ва ҳатто дар чорраҳаи аввал дар чароғаки сурх гузашт…
– Оҳистатар, - гуфт таҷрибаомўз.
– Абдурашид, нигоҳ кун ана вай «Волга»-и зарди мегуфтагиат, рақамаш чанд буд?
– 57-96…
– Худи худаш, ана бубин, чароғаки росташ фурўзон шуд.
– Ба тарафи рост майли гаштан дорад.
– Мебинам, - гўён Музаффар самти ҳаракаташро каме суст карда, бархилофи ҳама гуна бехатарии ҳаракати роҳ аз қатори сеюм ба тарафи рост гашт.
Аз ин ҳаракати ноҷойи «Жигули» мошинҳои қатори дуюм ва якум, ки дар вазъияти ногувор монда буданд, тормозҳоро пахш карданд ва хушбахтона ҳодисае рух надод…
– Кори хуб накардед, рафиқ лейтенанти калон, - каме ба худ омада гуфт таҷрибаомўз.

1 Штирлитс – қаҳрамони силсилафилми “17 лаҳзаи баҳор.” – Ронанда бояд ба ҳама гуна ҳолат тайёр бошад.

пешина
аз 513
навбатӣ