Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳамин масофа гуфтанӣ гап нест. Ман ҳам аноӣ не, додар.
Охир мо наметавонем хонуми муҳтарам, чӣ буд номаш?
– Лайлиҷон.
– Ҳа, Лайлиҷонро аз мадди назар дур кунем. Ҳоло худат таҷрибаомўз ва муносибати сарди Олег Ефремовичро надидаӣ.
– Ба гумонам, вай марди бад нест.
– Ман ўро бад нагуфтам. Ў агар фаҳмад, ки мо Лайлиҷонро то ба манзилаш гусел накардем, моро дар шикасти амалиёт гунаҳкор мекунад. Ба забони одӣ гўем, ин як танбеҳча дар гардани банда мешавад ва чаро ман танбеҳчаро дар гардани хеш овезон мекардам? Газро як пахш кардаму танбеҳчаро ба гардани шайтон овехтам. Бигузор ронандаҳо ҳам ҳушёр шаванду масофаро нигоҳ доранд.
– Ба ҳар ҳол дар масофаи чанд километр мо ду маротиба қоидаи бехатарии роҳро вайрон карда, ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти дигаронро ба зери хатар мондем.
-Нигоҳдорандааш неку нигоҳ дошт.
Вагарна сад қадаҳ нафтода бишкаст.
– Боботоҳири Урён ҳам марди бузург будааст, бубин то ба куҷо қисматро таҷассум намуда.
– Қисмат азалист ва ҳар он чӣ ки ба сари одамизод меояд аз азал дар пешонааш навишта шудааст. Оҳҳо, “Волга,” боз чароғаки сабзашро фурўзон кард. Ором шав, Музаффар, ором,-гўён ронанда низ суръати ҳаракатро суст карда, аз қатори дуюм ба қатори якум баромад…
«Волга» паҳлуи рости роҳ истод. Ҷавонзан аз мошин берун шуда, бо ронанда ҳисобӣ кард ва ба тарафи мағозаи хӯрокворӣ рафт.
– Ба фикрам мағозаро роҳи дигараш нест, - гуфт ронанда ва ҳарду дар як вақт аз мошин берун шуда, ба ду тараф ҳаракат карданд. Тахминан баъди панҷ - шаш дақиқа ҷавонзан аз мағоза берун омада, аз паҳлуи таҷрибаомўз, ки дар дӯкони сари роҳ машғули рўзномахарӣ буд, гузашта, ба тарафи шарқ ҳаракат кард. Ҳарчанд дар чунин корҳо Абдурашиди Шариф то ҳанўз таҷриба надошт, вале аз рўи китобҳои хонда ва филмҳои дидааш чӣ кор карданро медонист. Танҳо баъди оне ки Хоҷаева аз ў хеле дур рафт, таҷрибаомўз рўзномаеро ба даст гирифта, аз қафои ў ҳаракат кард.

пешина
аз 513
навбатӣ