Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

даргиронданду ба қавле ғубори дилро берун карданд, Нўшервони Ҳалим гуфт:
– Самадов ба ман хабар дод, ки муддати се ҳафтаи дар ин ҷо будани Сорбони Ҳомид ду ҷиноят кушода шуд.
– Муболиғаеро дар суханони муфаттиш намебинам, - гуфт сардори милиса.
– Пас чаро ягон илоҷ карда ўро ба Гулобод наоварем?
– Ба ҳама хислатҳои некаш Сорбони Ҳомид ҳам камбудиҳои зиёд дорад.
– Бовар намекунам.
– Сорбони Ҳомид марди сухан аст. Ў сарашро медиҳаду гапашро не.
Ман як маротиба кўшиш кардам, ки ўро ба ин ҷо биёрам, вале рад кард. Дигар ҳама гуна илтимосу илтиҷойи мо натиҷае нахоҳад дод.
– О, наход касро дар Гулобод ба кор таклиф кунанду нахоҳад. Дар ҳамон шаҳр ў чӣ ёфтааст? Аслан, биҳишти рўи замин аст Гулободи мо.
– Биҳишт дар тобистон.
– Дарвоқеъ, зимистони Гулобод сахт аст, вале мардум дар Арктикаю Антрактида ҳам кору зиндагӣ доранд, - паст наомада гуфт прокурор.
Онҳо боз сари чанд масъалаи ҷорӣ суҳбат намуданд ва Нўшервони Ҳалим рухсати рафтан пурсид. Ҳамид Ҷовид ўро то пеши дар гусел кард.
Нўшервони Ҳалим ба дерии вақт нигоҳ накарда, пиёда ба тарафи прокуратура ҳаракат намуд. Се моҳе, ки ў дар Гулобод набуд, қариб ки дигаргуние рух надодааст, вале ҳама дар чашми ў аз гузашта зеботар намуд. Дар кўҳу даман мавҷи ғаллазорон, ки ҳанўз дар аввали моҳи тирамоҳ сабз буд, чашми бинандаро мерабуд.
– Дар ҳақиқат Гулободи мо биҳишт аст, - худ ба худ гуфт ў ва қадамониашро тезтар кард…
– Рафиқ лейтенанти калон… Рафиқ лейтенанти калон, – гўён таҷрибаомўз ронандаро, ки сари чанбарак сар монда, мулоим нафас мекашид, бедор кард.
– Худаш чӣ гап? - дар лаҳзаи аввал дар куҷо буданашро нафаҳмида сар бардошта пурсид ронанда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо