Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сабаби қаноатмандиро шарҳ медодед.
– Ба ақидаи капитани милиса Сорбони Ҳомид ҳамин ҳолат сояро аз рўйи нафаре, ки то имрўз мо ўро гумонбари асосӣ меҳисобидем, дур меафканад.
– Бо шахсе, ки гумонбари асосиаш мешуморидед, суҳбати расмӣ кардед?
– Не, - посух дод муфаттиш Самадов.
– Чаро?
– Чунки худи милиса ягон касро барои пурсиш ба тафтишот наовард.
– Гумонбарро ёфтанду аз тафтишот пинҳон карданд.
Магар ҳамин аст луқмаи тайёри ҳамин аст ҳамдилию бародарии милисаю прокуратура, – пурсид сарназоратчии қонун.
Дар ҳақиқат, мо нафареро ба ин ҷо ҳамчун шахси гумонбар даъват намудем ва на беш аз муҳлати муқарраркардаи қонун бо ў суҳбати индивидуалӣ1 гузаронидем ва чун алоқамандиеро дар ҳаракатҳои ў ва Солеҳ Ҷалил наёфтем, ҷавобаш додем. Чунин ҳолат бисёр мешавад ва мо наметавонем сари муфаттишро, ки корҳои аз ин беҳтару бештараш ҳаст, ба зери теғ монем, - гуфт Сорбони Ҳомид.
– Чаро ба зери теғ мемондааст? – эътироз кард прокурор.
– Чунки дар истеҳсолоти муфаттиш бе ин ҳам чанд парвандаи ҷиноӣ ҳаст ва ўро лозим меояд, ки аз рўйи онҳо низ кор барад ва ба фикри мо пурсидани нафаре, ки ба ҷиноят на ба таври ростхата ва на мустақиман шарик аст, ҳамчунин ўро аз содир кардани ҷиноят манфиате нест, ба прокуратураи бурдан беақлии маҳз мебуд.
– Шуд, шуд, бовар кардам.
Сардори ШКД Ҳамид Ҷовид дар асоси баҳсу мунозираҳои дар рафти маҷлис рухдода ба ҳозирин супоришҳои қатъӣ дода, маҷлисро ҷамбаст намуд.
Ба ҷуз прокурор дигар ҳама утоқи кории Ҳамид Ҷовидро тарк карданд. Сардори ШКД аз ғалладони мизи кориаш тамоку бароварда, ба прокурор дароз кард. Чун ҳарду тамоку

пешина
аз 513
навбатӣ