Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, Хоҷаеваро гумонбаршудаи рақами як шумурдан равост, - гуфт прокурор.
– То дирўз “ғолиби озмун” ба ин мансаб дигар кас буд, вале баъди хабари Ковалчук мо умед бар он мебандем, ки Хоҷаева ба мақоми курсии аввал сазовор аст.
– Мехоҳам фаҳмам, ки шумо худи Хоҷаеваро иҷрочии куштор меҳисобед?
– Не, ба фикри мо Хоҷаева супоришдиҳанда буда, иҷрочии шахсест, ки ҳанўз рўйи саҳна наомадааст.
– Пас моро чӣ тавр бо иҷрочӣ шинос хоҳед кард? - пурсид Нўшервони Ҳалим
– Бо иҷрочӣ моро худи Лайлӣ Анваровна шинос хоҳад кард.
– Кафолат дода метавонед?
– Ман корманди савдо нестам, ки кафолат диҳам. Худи рафти воқеаҳо ифодагари онанд, ки гиреҳи гумшударо яке аз самтҳояш ҳамин аст.
– Самти дигараш чӣ пурсид? - Нўшервони Ҳалим.
– Ҳодисаи рухдода моро водор сохт, ки чӣ тавр дар нисфи шаб дар мавзеи Хушкакдара пайдо шудани Солеҳ Ҷалилро таҳлил намоем, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт сардори ШКД - и ноҳияи Гулобод Ҳамид Ҷовид ва илова намуд, ки “рафти корҳои оперативӣ мавзеи мазкурро ҳамчун пайроҳаи интиқоли маводи мухаддир рӯйи саҳ овард ва дар ин бора мо аллакай хабаре низ гирифтем.”
– Чӣ хел хабар? - пурсид прокурор.
– Хабари оперативӣ ва ҳоло сари ҳамин хабар ва муайян кардани шахсияти марди тахминан бистуҳашт - сисола, ки тайи ду шабонарўз, аниқтараш як шабу ду рўз дар он мавзеъ омадани касеро интизор будааст, кор карда истодаем. Ба фикрам, агар интиқолдиҳандаи дигари маводи мухаддирро ҳам дастгир намоем, ў моро бо гузаштаи Солеҳ Ҷалил ва роҳҳои алоқаи ў шинос хоҳад кард…
– Боз чӣ?
– Самти сеюми корҳои ҷустуҷўии мо ба кўшишу талошҳои ҳамкасбони мо дар ноҳияи Бўстон вобастааст. Дар ин бора мо ба таври муфассал ба воситаи телефакс ба ШКД ноҳияи мазкур хабари оҷилӣ фиристодем. Ҳоло чизе гуфта наметавонем, ки ба хабари хеш чӣ хел ҷавоб мегирем. Рафту агар далелҳои дар хабар овардаи мо тасдиқ шаванд, новобаста аз он ки нӯги гиреҳи дар ноҳияи Бўстон ёфтшуда ба ҷинояти дар мавзеи Хушкакдара рухдода алоқа дорад ё не, моро қаноатманд мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо