Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Бигузор рафти тафтишот бегуноҳии онҳоро собит намояд.
– Ба ақидаи шумо гунаҳкор кардани шахс осон аст?
– Аз нуқтаи назари аллома Иқболи Лоҳурӣ марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст. Аз ҳамин лиҳоз, вазифаи мо танҳо ҷурм ё гуноҳ ҷустан не, балки дур афкандани соя аз болои шахси бегуноҳ аст. Агар дар ҳодисаи мазкур Хоҷаева бегуноҳ барояд, мо ҳам тарафдор, вале ў баҳри дур афкандани соя аз болои хеш бояд кӯшиш ба харҷ диҳад.
– Ў не, мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, то бегуноҳиашро собит созем, - луқма партофт Нўшервони Ҳалим.
– Қарсак аз ду даст гуфтаанд, - паст наомада гуфт Сорбони Ҳомид ва илова кард, ки дар ҳодисаи мазкур касе ба ҷуз Хоҷаева манфиатдор нест ва ин манфиатҳоро сабаб чунин аст: Якум, рафту агар Солеҳ Ҷалил ба даст меафтид, метавонист Лайлӣ Анваровнаро низ ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноят ном барад. Фарз намудем, ки ӯ номи Хоҷаеваро ба забон намеовард, вале онҳое ки ўро сабабгори ҳама бадбахтиҳои хеш мешуморанд, аздусар ин дафъа бо Солеҳ Ҷалил ҳисоби хешро баробар мекарданд. Дар ин самт ҳамиштирокчии асосӣ танҳо Хоҷаева шуда метавонист.
Онҳое, ки тайи се сол дар маҳбасанд, нағз медонанд, ки Солеҳ Ҷалил нисфи дороии хешро бо Хоҷаева ба ҳам дидааст ва аз дорои маҳрум кардани ў собит кардани ҳамиштиро онҳост. Дар сурати исбот шудани гуноҳи Хоҷаева қонун тамоми молу мулки ўро, ки бо роҳи ғайримаъмул ба даст овардааст, мусодира хоҳад кард. Дар он сурат бадбинони Солеҳ Ҷалил бо як тир ду нишон мезаданд. Дуюм, чун тайи як соли охир Солеҳ Ҷалил бо духтари ноболиғ дар асоси шариати исломӣ хонадор шудааст ва он духтар дар батнаш тифли ўро мепарварад, Хоҷаева аз рўи рашк ҳам метавонист ба ин кор даст занад.
– Ба шарте ки агар Хоҷаева дар қайди никоҳи Солеҳ Ҷалил мешуд, - посух дод Самадов.
– Муҳаббат шакли расмию ғайрирасмӣ надорад. Хоҷаева дар никоҳ будааст ё не, вале аз рўйи маълумоти ба даст овардаи подполковник Ковалчук онҳо чанд сол муносибати маҳрамона доштанд ва боз кӣ медонад байни онҳо чӣ гапу калочае буд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо