Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аминам, ки Солеҳ Ҷалил ҳамчун шахси дар ҷустуҷўбуда дар ҳуҷҷатҳои идораи мо ҳам номнавис шудааст.
– Ҳамин хел аст. Маҳз барои ҳамин имрўз кормандони ҳамаи бахшҳоро ба маҷлис даъват намудем, - гуфт Ҳамид Ҷовид.
Хунукназарии ҳамаи милиса буд, ки нафари се сол боз мавриди ҷустуҷўи қарордошта дар минтақаи хизматии мо омада, ҷони хеш аз даст дод. Албатта, онҳое ки қасди ҷони ӯ намудаанд, аз бенизомии кори мо хабар доштаанд, вагарна баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки хеш дар шаҳр ҳам имконият доштанд, - гуфт прокурор ва ба тарафи капитани милиса нигариста ишора намуд, ки суханашро идома диҳад.
– Дар асоси хабарҳои аз ШКД ноҳияи Марказӣ гирифта мо ба хулосае омадем, ки ҳарчанд Хоҷаева ҳеҷ гоҳ дар никоҳи расмӣ набудааст, вале бо Солеҳ Ҷалил дар муносибати наздик ё худ маҳрамона қарор дошта, ҳамчунин дар интиқоли маводи мухаддир ёвари эшон будааст
– То ҳанўз бо Хоҷаева рў ба рў нашуда, чӣ тавр ба чунин хулоса омадед? - савол дод прокурор.
– Барои фаҳмидани шахс шарт нест, ки ҳамроҳаш як пуд намакро истеъмол намоӣ. Бахши кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Марказӣ таҳти сарварии подполковник Ковалчук дар асоси талабу дархости мо ба ҳамаи саволҳоямон ҷавоби аниқу саҳеҳ дод. Модоме ки худи Олег Ефремович моро бовар кунонд, ки Хоҷаева то ба ҳамин рўз дасташро бо оби хунук назадааст ва аз ягон ҷой меросе ҳам нагирифтааст, пас он ҳама ҷову ҷалол ва мошини «Мерседес 600»-ро Хоҷаева аз куҷо ба даст овардааст?
– Инро шумо бояд аниқ мекардед. О, дар аввали суҳбат прокурор ва муффатишро дар фурў бурдани луқмаи тайёр гунаҳкор кардани шудед - ку? – нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Нўшервони Ҳалим.
– Ба дил нагиред, ман асли гапро гуфтам.
– Давом диҳед, мо фаҳмидан мехоҳем, ки чаро Хоҷаеваро шумо гумонбар мешуморед?
– Ман ҳамаи онҳоеро, ки ба марги Солеҳ Ҷалил ба таври ростхата ё ғайримустақим манфиатдоранд, гунаҳкор мешуморам.

пешина
аз 513
навбатӣ