Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

муфаттиш раҳмдилӣ зоҳир карда, номи Хоҷаеваро ба ҳуҷҷатҳо сабт накардааст.
– О, ин манфиат намешавад - ку?
– Рост. Ман то ҳанўз фикрамро пурра баён накардаам.
– Гап занед.
– Бинобар он ки Солеҳ Ҷалил се сол боз мавриди ҷустуҷўи милиса қарор доштааст ва аз ҷумҳурӣ берун нарафтааст, мо чунин мешуморем, ки худи милиса тайи ин муддат ўро сарпаноҳ будааст.
– Рафиқ капитан, о шумо мефаҳмед, ки чиҳо гуфта истодаед? – ин дафъа ба ҳимояи милиса бархост Нўшервони Ҳалим.
– Албатта. Ман ҳам мўйи сари хеш дар милиса сафед кардаам ва нону намаки милисаро хӯрдаам. Рафти ҳаракатҳои минбаъдаи Солеҳ Ҷалил моро водор сохт, ки чунин хулоса барорем. Охир, чӣ тавр шахсе ки мавриди ҷустуҷўи милиса қарор дорад, метавонад бо духтараки ноболиғ издивоҷ намояд? Чӣ тавр шахсе, ки мавриди ҷустуҷўи милиса қарор дорад, метавонад муддати се соли охир аз доду гирифти маводи мухаддир даст накашад, агар ўро сарпаноҳе набошад?
– Рафиқ подполковник, оё мо метавонем ба суханони капитан Сорбони Ҳомид бовар кунем? - ба тарафи сардори ШКД нигариста пурсид прокурор.
– Бечунучаро.
– Рафиқ капитан, новобаста ба ҳама он эҳтироме, ки нисбати шумо дорам, ҳеҷ ақлам намегирад, ки кор аслан чунин сурат гирифта бошад, - гуфт Нўшервони Ҳалим.
– Ихтиёратон.
– Суханатонро давом диҳед, - хоҳиш кард прокурор.
– Дар рафти гузаронидани корҳои ҷустуҷўӣ мо муайян намудем, ки Солеҳ Ҷалилро на як бору ду бор дар давоми се моҳи охир дар мавзеи Хушкакдара дидаанд.
– Дар ин ҷо гуноҳи мо ҳам ҳаст ва бояд иқрор шавем, ки бо анҷоми парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш аз болои кормандони мо низ пешниҳод хоҳад навишт, - посух дод Ҳамид Ҷовид.
– Бе ин намешавад. Дар куҷо буданд кормандони милисаи мо? Чаро боре ҳам таваҷҷуҳ зоҳир накарданд, ки шахси ношинос дар мавзеи Хушкакдара чӣ мекобад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо