Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чаро?
– Чунки корҳои ҷустуҷўӣ на дар марҳилаи анҷомёбӣ, балки дар давраи гузариш қарор доранд.
– Корҳои ҷустуҷўӣ характери фронталӣ1 доранд?
– Ҳуҷумҳои фронталӣ натиҷае надоданд ва мо тактикаи хеш дигар кардем.
– Гўш мекунем.
– Корҳои ҷустуҷўӣ аз се самт ба маркази фронт ҳаракат доранд.
– Рафиқ капитан, прокурорро бо рафти корҳои ҷустуҷўӣ шинос намоед, амр дод сардори ШКД.
Сорбони Ҳомид прокурорро бо рафти корҳои ҷустуҷўӣ шинос намуда гуфт, ки ба ин кор ҳамчунин ШКД ноҳияҳои Марказӣ ва Бўстон низ ҷалб карда шудаанд.
– Оё рафти тафтишотро мо худамон ба уҳда гирифта наметавонистем?
– Бо шахсоне, ки мо аз онҳо гумонбарем, милисаи ҷойи зисташон наздиктар буда, онҳо ба воситаи аппарати ёрирасони хеш метавонанд маълумоти саҳеҳтар ва бештар ба даст оваранд.
– Оё шаҳрванд Хоҷаеваро аз марги Солеҳ Ҷалил манфиате ҳаст? - пурсид Нўшервони Ҳалим.
– Ҳаст.
– Далел?
– Аз рўйи нақли Файзуллоев, ки чор сол қабл барои интиқоли маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуд, Хоҷаева дар мошини шахсиаш тамғаи «Волво» Солеҳ Ҷалилро ба километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе - Қаратоғ бурдааст ва ҳарчанд дар давраи додугирифти бор ширкат наварзидааст, вале аз нуқтаи назари Файзуллоев ў ба чӣ кор машғул будани Солеҳ Ҷалилро медонистааст.
– Пас чаро дар рафти тафтишот Файзуллоев номи Хоҷаеваро ба забон наовардааст?
– Файзуллоев ягон чизро аз тафтишот пинҳон накардааст ва маҳз аз рўйи нишондоди ў милиса Солеҳ Ҷалилро мавриди ҷустуҷўи хеш қарор додааст, вале дар рафти тафтишот
1 Дар ҳолати мазкур фронталӣ ба маънои он омадааст, ки ШКД чанд ноҳия аз рӯӣ парвандаи мазкур амалиёти ҷустуҷӯи мебурданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо