Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате пас ў савори мошине ба тарафи шаҳр рафт…


Маҷлиси фаврии назди сардори ШКД расо соати дуи рўзи аввали моҳи сентябр оғоз шуд. Дар маҷлис ба ҷуз нозирони минтақавӣ ва кормандони фаврии ШКД, инчунин, прокурори ноҳияи Гулобод Нўшервони Ҳалим, ки се моҳи охир дар шаҳри Санкт Петербург такмили ихтисос намуда, рўзи охирини моҳи август ба Гулобод баргашта буд ва муфаттиши прокуратура Самадов, ҳузур доштанд.
Маҷлисро бо сухани муқадимавӣ сардори милиса Ҳамид Ҷовид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рафти корҳои ҷустуҷўӣ дар атрофи ҳодисаҳои ҳафтаи охир рухдода шинос кард.
Нисбат ба дигар корҳое, ки милиса дар истеҳсолот дошт, дар зинаи аввал парвандаи ҷиноие меистод, ки прокуратураи ноҳия аз рўйи далели куштори Солеҳ Ҷалил оғоз карда буд.
Чун прокурори ноҳия Нўшервони Ҳалим, ки рўзи аввал ба кор баромада буд, сардори ШКД дар атрофи парвандаи мазкур ва дар кадом ҳолат қарор доштани корҳои ҷустуҷўӣ ҳарф зад.
– Дар прокуратура бо парвандаи ҷиноятӣ шинос шудам ва агар корҳои ҷустуҷўӣ ҳам дар ҳамон самт бошанд, пешравие дар кор дида намешавад, - эътироз намуд Нўшервони Ҳалим.
– Корҳои ҷустуҷўӣ ҳеҷ гоҳ ҳамқадами тафтишот набуданд, нестанд ва намешаванд, - посух дод Сорбони Ҳомид, ки Нўшервони Ҳалимро нағз мешинохт.
– Чаро?
– Ҳарчанд қонун тамоми назоратро ба дасти прокурор додааст, вале худи прокурор аз корҳои оперативӣ дасткўтоҳ аст. Маҳз ҳамин чиз ба милиса имконият медиҳад, ки дар тамоми самтҳо қадаме пеш бошад ва милиса луқмаи тайёрро ба тафтишот пешниҳод мекунад.
– Бо роҳи тафтишотӣ кушодани парвандаҳои ҷиноиро инкор мекунед? - паст наомада гуфт прокурор.
– Не, инкор намекунам, вале дар парвандаи мазкур кор тамоман дигар аст ва бе чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷўйӣ пешравиеро интизор шудан душвор.
– Пас гўед, ки ба чӣ умед баста метавонем?
– Дар айни вақт мо чизе ваъда карда наметавонем.

пешина
аз 513
навбатӣ